1 апрели соли равон дар шаҳри Риёз бо мусоидати Сафорати Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ ҷаласаи дуюми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ доир ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ ба кори худ шурӯъ намуд.
Аз Сафорати Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки зимни баррасии масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун ҷонибҳо таъкид доштанд, ки имконоти фарохи мавҷуда бояд мавриди истифода қарор дода шаванд. Аз ҷумла, пешниҳод гардид, ки Фонди муштараки сармоягузории мустақим ва Шӯрои соҳибкории ду кишвар таъсис дода шавад.
Дар ҳошияи ҷаласаи мазкур ҳамчунин ҳамраиси комиссияи муштарак аз ҷониби Тоҷикистон, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Фаррух Ҳамрализода бо мудири иҷроияи Сандуқи Саудии рушд Юсуф Албассом ва муовини раиси Кумитаи сармоягузории Арабистони Саудӣ Айид Ал-Усайбӣ мулоқотҳои судманд анҷом дод.
2 апрел кори ҷаласаи дуюми комиссияи муштарак идома ёфта, аз рӯйи натиҷаҳояш санади ҳамкорӣ ба имзо мерасад.
Имрӯз ҳамчунин дар шаҳри Риёз Форуми соҳибкорию сайёҳӣ баргузор мегардад.
Форуми соҳибкорию сайёҳии дигар 3 апрел дар шаҳри Ҷидда — маркази тиҷоратиии ин мамлакат доир хоҳад шуд.
Дар шаҳри Риёз инчунин мулоқоти раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода бо муовини вазири савдо ва саноати Саудӣ Моҷид ал-Бовардӣ ва вохӯрии раиси Кумитаи сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода бо раиси Кумитаи сайёҳӣ ва осори фарҳангии Арабистони Саудӣ Шоҳзода Султон ибни Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд дар назар аст.
Вохӯриҳои соҳибкорони фаъоли ду давлат низ басо умедворкунанда ба назар мерасанд.