Ҳиндустон интизори Русия ва Тоҷикистон дар машваратҳо оид ба Афғонистон аст

Мақомоти Ҳиндустон интизор доранд, ки дар нишасти намояндагони хадамоти амнияти миллӣ дар ин кишвар мақомоти баландпоя аз Русия, Покистон, Чин, Эрон, Узбекистон ва Тоҷикистон ширкат мекунанд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора дирӯз, 1 ноябр, қабл аз анҷоми рисолати худ Сафири Ҳиндустон дар Федератсияи Русия Бала Венкатеш Варма дар мусоҳиба бо ТАСС иттилоъ дод. 

Ба гуфтаи ӯ, баргузории мулоқоти намояндагони баландпояи хадамоти амнияти миллии кишварҳои минтақа дар Ҳиндустон 10 ноябр дар назар аст.

Ёдовар мешавем, ки пас аз тасарруфи Кобул аз сӯи толибон кишварҳои минтақа барои баргузории машваратҳои доимӣ оид ба Афғонистон мувофиқат карданд. Машваратҳо дар сатҳҳои гуногун сурат мегиранд. Аз ҷумла, чунин машваратҳо 20 октябр дар пойтахтҳои Тоҷикистон ва Русия баргузор шуданд.

Дар нишасти Душанбе раҳбарон ва намояндагони хадамоти махсуси Эрон, Қазоқистон, Чин, Покистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон ширкат доштанд. Тавре дар баёнияи умумии иштирокдорони ҷаласа гуфта мешавад, ҷонибҳо вазъи мураккаб дар Афғонистонро, ки дар онҷо амалҳои террористӣ ва дигар амалҳои хушунатомез идома дошта, боиси талафоти зиёди инсонӣ гардидаанд, зикр намуданд. Иштирокчиёни вохӯрӣ аҳамият ва зарурати ташкили ҳукумати фарогирро бо дарназардошти манфиатҳои ҳамаи гурӯҳҳои этникӣ, иҷтимоӣ ва динӣ, инчунин истифодаи платформаҳои созмонҳои байналмилалиро барои ҳалли вазъ дар Афғонистон таъкид намуданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: