Ҳаким Фузайлов сармураббии дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд интихоб гардид

Собиқ сармураббии дастаи мунтахаби  Тоҷикистон ва тими футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе Ҳаким Фузайлов   сармураббии нави дастаи футболи  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд интихоб гардид.  Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

«Ҳаким Фузайлов  давоми чанд моҳ дар дастаи футболи «Каганат»-и Ҷумҳурии Қирғизистон фаъолият мекард. Бо сабаби он, ки сармураббии пешинаи дастаи  футболи «Хуҷанд»-и Хуҷанд Никола Лазаревич дар ин давраи мушкил  аз Сербия ба Тоҷикистон омада наметавонад, роҳбарияти дастаи мазкур  тасмим гирифтанд, то охири мавсим бо Ҳаким Фузайлов ба ҳайси сармурабии ин даста қарордод ба имзо расонанд», — афзуд манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки айни ҳол дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар ҷадвали Лигаи  олӣ Тоҷикистон  баъди дастаи футболи «Истиқлол»-и  шаҳри Душанбе бо 19 имтиёз дар ҷойи дуюм қарор дорад.

АМИТ «Ховар»

Tags: