Қатар аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон пуштибонӣ мекунад

Мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзода бо Мудири раёсати ҳамкории байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Қатар Ториқ ал-Ансорӣ 29 март баргузор шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои тавсеаи ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба дар самти татбиқи ҳадафҳои рушди устувор ва мубориза бо хатарҳои ҷаҳонии муосирро баррасӣ намуданд. Ҷониби Қатар пуштибонии худро аз талошҳои Тоҷикистон ҷиҳати ҳалли масоили рушди устувор, аз ҷумла, пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об, мубориза алайҳи терроризм ва татбиқи иқдомҳои муштарак ҷиҳати пешгирӣ аз ангезишҳои зуҳуроти терроризм ва ифротгароии хушунатомез дар сатҳи минтақа ва фаротар аз он таъкид намуд. Дар ин замина Ал-Ансорӣ изҳор дошт, ки ҳайати баландмақоми Қатар дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» 3-4 май ва Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 20-22 июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе фаъолона ширкат хоҳад варзид.

Зимни мулоқот ҳамчунин роҷеъ ба масъалаҳои татбиқи муштараки лоиҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, ки барои таъмини рушду устувори Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидат мекунанд, табодули назар сурат гирифт.

АМИТ"ХОВАР"

Tags: