Маркази матбуоти Қӯшунҳои Сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки соати 11:55 санаи 27-уми майи соли 2020 бархилофи созишномаҳои қаблан ба имзорасида, шаҳрванди Қирғизистон Бахтибеков Соат, сокини деҳаи Куктоши ҷамоати деҳоти Оқсой ба сӯйи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаропова Шукрона Зуҳурбоевна (Муътабархонуми Зухриддин), соли таваллудаш 1995, истиқоматкунандаи м.Қақири ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ва коргари бригадаи №14-уми тухмипарварии ҳамин маҳалла тир кушода, ӯро аз соҳаи рости баданаш захмӣ кардааст.
Ин амали иғвоангезонаи сокини ҶҚ нишонаи кӯшиши ба таври сунъӣ ноором кардани вазъият дар хати сарҳади давлатӣ арзёбӣ мегардад, ки метавонад вокуниши ҷавобиро аз ҷониби сокинони наздисарҳадӣ дар ин минтақаи ҳассос барангезад.
Айни замон, Шаропова Ш.З., дар ҳолати миёнаи вазнин дар беморхонаи шаҳрӣ бистарӣ гардида, мақомоти дахлдори ду кишвар дар ҷойи ҳодиса қарор дошта, барои мушаххас намудани ҷузъиёти қазияи бамиёномада корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ бурда истодаанд.
Маркази матбуоти Сарраёсати Қӯшунҳои
Сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон
АМИТ «Ховар»