Имрӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар иртибот ба куштори даҳшатноки сайёҳони хориҷӣ аз ҷониби ҷинояткорон изҳорот пахш намуд. Дар он гуфта мешавад:
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон амали ваҳшиёна ва террористии гурӯҳи муташаккили ҷинояткорро, ки ба марги 4 нафар сайёҳи хориҷӣ боис гашт, қотеъона маҳкум карда, зимнан ба наздикону пайвандони сайёҳон изҳори ҳамдардӣ менамояд.
Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ, ин ҳодисаи фоҷеабор, ки дар навбати аввал ба садама шабоҳат дорад, аз тарафи як гурӯҳи калони ҷавонони тундрав ва ифротӣ ба хотири халалдор кардани амнияту суботи Тоҷикистон махсус ва барқасдонатарҳрезӣ шудааст.
Тоҷикон дар ҳама давру замонҳо дар осоишу оромиш ва бо ҳамсояҳо дар ҳусни ҳамҷавории неку мусолиматомез зиндагӣ карда, ҳамеша аз сулҳу субот ва оромиву осоиш пуштибонӣ намудаанд, ки ин асл яке аз маромномаҳои асосии сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ҳамин аст, ки имрӯз дар кишвари мо осмони софу беғубор ва кабӯтарони сафеди сулҳ паруболафшонӣ мекунанд.
Вале ин зархаридони хориҷӣ бо содир кардани нангинтарин амал –куштори одам мехостанд ба оромиву амнияти саросарии мамлакати мо халал ворид намоянд ва ҳадафҳои нопоку ғаразолуди худро дар Тоҷикистон амалӣ созанд. Хусусан, ки имсол Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудааст, Ватани моро ҳамчун кишвари ноамну бесубот нишон диҳанд.
Албатта, тирашон хок хӯрд. Зеро мардуми шарифи тоҷик меваи талхи ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро чашидааст ва дигар намехоҳад осудагиву амонии кишварашро аз даст диҳад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз мардуми огоҳу бедордил, адибону зиёиён, фаъолону собиқадорон ва пирони рӯзгордида даъват ба амал меорад, ки ҳама гуна амалҳои иғвогаронаи душманони миллатро маҳкум намуда, дар атрофи Пешвои муаззами миллат муттаҳид бошанд. Зеро иттиҳод рамзи ягонагӣ ва пирӯзии миллат аст.
АМИТ«Ховар»