Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба деҳоти Сари Хосор ташриф оварданд.
Дар деҳаи Шайдон сокинони ин минтақаи дурдасти мамлакат Сарвари давлатро бо ихлосмандии зиёд ва муҳаббату самимияти беандоза истиқбол гирифтанд.
Мақсад аз ташрифи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба деҳоти хушманзар ва дорои табиати мафтункунандаи Сари Хосор иштирок дар маросими ифтитоҳи якчанд иншооти ҳаётан муҳим ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии сокинон мебошад.
АМИТ «Ховар»