Имрӯз, 5 октябри соли 2019, ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ ба муносибати зодрӯзашон барқияҳои табрикӣ ворид шуданд.
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар барқияи худ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин менигорад:
«Ба муносибати рӯзи мавалудатон мехостам табрикоти беҳтарин ва самимии хешро изҳор намоям.
Моҳи июни соли равон ман ба Тоҷикистон сафари давлатӣ доштам. Зимни он, бино бар пазироии гарму самимии Шумо ва натиҷаҳои назарраси сафар, бори дигар дарк намудам, ки равобити мо самимист, муносибатҳои Чину Тоҷикистон бошанд, дар ҳоли рушди доимӣ қарор доранд.
Ман муҳаббати беназири Шумо ва мардуми кишваратонро сидқан эҳсос намудам. Ба самъи Шумо мерасонам, ки ман ба рушди муносибатҳои Чину Тоҷикистон аҳамияти ҷиддӣ медиҳам ва дар таҳкиму тавсеаи онҳо муносибати корӣ ва дӯстонаи ҳардуямонро муҳим арзёбӣ менамоям.
Боварии комил дорам, ки минбаъд низ муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ миёни Чину Тоҷикистон бе таваққуф ба сатҳи нав хоҳанд расид, ки он ба манфиати кишварҳоямон ва халкҳоямон хоҳад буд. Маҳз дар ин ҷода мо бояд дар якҷоягӣ кӯшиш ба харҷ диҳем.
Ба Шумо саломатии бардавом ва амалӣ гардидани орзуву умедҳоятонро самимона таманно дорам».
Дар паёми шодбошии Президенти Федератсияи Россия Владимир Владимирович Путин омадааст:
«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!
Табрикоти самимтарину гарми маро ба муносибати зодрузатон қабул фармоед.
Бо фаъолияти бисёрсолаи худ дар маснади Сарвари давлат, Шумо ба эҳтироми шоистаи ҳамватанон ва аҳли башари бурунмарзӣ ноил гаштед. Таҳти роҳбарии Шумо мардуми Тоҷикистон дар арсаи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба комёбиҳои қобили таҳсину назаррас муваффақ шуд.
Дар Россия саҳми шахсии Шуморо дар таҳкими муносиботи шарикӣ ва иттифоқчигии стратегии миёни кишварҳои мо, инчунин иштироки фаъолатонро дар талошҳои дастаҷамъӣ ҷиҳати таъмини амнияту субот дар Осиёи Марказӣ ва умуман, дар фазои авруосиёӣ, баланд арзёбӣ менамоянд.
Мехостам омодагиамро ба идомаи муоширати рафиқона ва кори муштараки созанда оид ба густариши минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷониба дар арсаҳои гуногун таъйид созам.
Ин, бидуни шак, ҷавобгӯйи манфиатҳои аслии мардумони Россия ва Тоҷикистон мебошад.
Аз сидқи дил ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, саломатии комил, беҳрӯзӣ ва комёбиҳо таманно менамоям».
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар паёми шодбошии худ навиштааст:
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Табрикоти самимӣ ва таманниёти неки маро ба муносибати рӯзи зодрӯзатон бипазиред.
Тақдир ба халқи бародари тоҷик дар симои Шумо ходими барҷастаи давлатӣ ва шахсияти беназири таърихиро, ки дорои хирад, иродаи қавӣ ва истеъдоди муттаҳид намудани мардум мебошад, тақдим кардааст.
Таҳти роҳбарии ғамхоронаи Шумо ва бо шарофати сиёсати дурандешонаву меҳнати фидокоронаатон, Тоҷикистон имрӯз давлатест, ки дар он дар фазои сулҳу оромӣ рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ таъмин гардида, эътибораш дар арсаи ҷаҳонӣ боло рафта истодааст.
Мехостам саҳми бузурги шахсии Шуморо дар таҳкими робитаҳои дӯстии чандинасра, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкории бисёрҷанбаи байни давлатҳоямон хосатан таъкид намоям.
Бо самимияти зиёд вохӯриҳои эътимодбахш ва музокироти пурсамарамонро, ки ба мо имкон доданд, то муносибатҳои дуҷонибаро ба сатҳи бесобиқаи баланд — шарикии стратегии байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон барорем, ба ёд меорам.
Бо қаноатмандии амиқ фаъолгардии муколама дар ҳама сатҳҳо, афзоиши босуръати ҳаҷми тиҷорати мутақобила, татбиқи лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт, робитаҳои густаришёбандаи минтақавӣ ва мубодилаи фарҳангиву гуманитариро зикр менамоям.
Итминон дорам, ки бо саъю кӯшишҳои муштарак муносибатҳои бародарӣ ва шарикии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, ки бар умумияти таърихӣ ва маънавӣ, наздикии фарҳангҳо, урфу одат ва анъанаҳои халқҳоямон асос ёфтаанд, бар манфиати пешрафти ду давлат ва тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ пайваста рушд ва таҳким хоҳанд ёфт.
Аз самими қалб ба Шумо, бародари азизам — Эмомалӣ Шарифович, саломатии бардавом, некуаҳволӣ ва саодати рӯзгор, дар фаъолияти пурмасъули давлатиатон комёбиҳои беназир ва дастовардҳои назаррас, ба мардуми Тоҷикистон сулҳу пешрафт таманно дорам».
Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон зимни табрикоти худ овардааст:
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Табрикоти самимӣ ва таманниёти некамро ба муносибати зодрӯзатон қабул фармоед.
Шумо бо хизмати содиқона ба Ватан, ки асоси онро таҷрибаи ғании ҳаётӣ и сатҳи баланди касбият ташкил медиҳанд, миёни ҳамватанонатон иззату эҳтироми самимӣ ва дар ҷомеаи байналмилалӣ обрӯву эътибори баландро соҳиб гаштаед.
Таҳти роҳбарии оқилонаи Шумо Тоҷикистон роҳи бомуваффақияти рушди иҷтимоиву иқтисодиро тай карда, имрӯз дигаргунсозиҳои муҳимро, ки ба таъмини рушди босуботи кишвар ва минбаъд баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум нигаронда шудаанд, амалӣ мегардонад.
Итминон дорам, муколамаи зичу эътимодбахше, ки миёни мо ташаккул ёфтааст, дар оянда низ ба таъмиқи шарикии стратегии Қазоқистону Тоҷикистон аз рӯи ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи дуҷониба мусоидат хоҳад кард.
Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, сиҳатмандии комилу комёбиҳои навин дар фаъолияти давлатиатон орзумандам».
Сооронбой Жээнбеков, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон зимни табрикоти худ овардааст:
«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!
Шуморо бо зодрузатон сидқан табрик менамоям.
Ба шарофати фарзонагию дурандешии хеш Шумо сулҳро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эмин нигоҳ доштед ва дар ҳамаи арсаҳо бар нафъи ояндаи неки мардуми Тоҷикистон рушди устувори давлатро пайваста таъмин менамоед.
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Шумо тавассути ибтикороту иқдомоти қатъии худ на танҳо дар минтақа, балки дар чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид ҷойгоҳи шоистаашро соҳиб гаштааст.
Итминони комил дорам, ки муносиботи воқеан дӯстона ва неки ҳамсоягӣ миёни ду давлат минбаъд низ бо дастгирии шахсии Шумо бар нафъи манофеи мардумони Қирғизистон ва Тоҷикистон таҳким хоҳанд ёфт.
Бо истифода аз ин фурсати хурсандибахш ба Шумо, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, саломатии бардавом, рифоқ ва дар фаъолияти пурмасъули давлатиатон комёбиҳо, ба мардуми бародари тоҷик сулҳу шукуфоии хоҳонам».
Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко чунин барқияи шодбошӣ ирсол намуд:
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,
Шуморо ба муносибати ҷашни зодрӯзатон самимона таҳният мегӯям.
Шумо ҳамчун сиёсатмадори ботаҷрибаву дурандеш ва ходими сиёсӣ, ки пешвои давлати хеш эътироф гардидааст, дорои обрӯву эътибори шоиста мебошед.
Тоҷикистон дӯсти боэътимоди Беларус, ки аз давраҳои пешин бо он робитаҳои неку судмандро роҳандозӣ намуда, густариш медиҳад, мебошад. Саҳми Шуморо дар рушди шарикии стратегии Минск ва Душанбе баланд арзёбӣ менамоям.
Муносибатҳои шахсии эътимодбахши миёни моро, ки барои ҳалли самараноки масъалаҳои мубрами рӯзномаи дуҷониба мусоидат менамоянд, қадр мекунам. Итминон дорам, ки мо бо саъйю талошҳои муштарак метавонем муколамаи созандаи байни Беларус ва Тоҷикистонро тавсеа бахшем.
Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, саломатии бардавом, саодат ва дар ҳамаи ташаббусҳоятон ба манфиати Ҷумҳурии Тоҷикистон комёбиҳо таманно дорам».
Дар табрикоту таҳнияти Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев чунин омадааст:
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,
Дар иртибот ба ҷашни зодрӯзатон ба Шумо самимонатарин табрикотамро иброз медорам.
Таърихи соҳибистиқлолии Тоҷикистон, истиқрори суботу оромӣ дар кишвари Шумо, дастовардҳои он дар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ бо шахсияти Шумо пайванди ногусастанӣ доранд. Кишвари Шумо ҳамзамон саҳми муҳимми худро дар таҳкими сулҳу эътимоди мутақобила дар ҷаҳон ва минтақа мегузорад.
Робитаҳои Озарбойҷону Тоҷикистон ба таври возеҳ анъанаҳои неки муносибатҳои дӯстиеро, ки миёни мардумони мо ташаккул ёфтаанд, инъикос менамоянд. Саҳми Шумо дар нигоҳ доштану ғанӣ гардонидани ин анъанаҳо бузург аст.
Итминон дорам, ки муносибатҳои дуҷониба, ки бар ҳамдигарфаҳмӣ ва дастгирии якдигар асос ёфтаанд ва ҳамкориҳои бисёрҷанбаи миёни кишварҳои мо мутобиқ ба манфиатҳои мардумони мо ҳамеша рушд карда, таҳким хоҳанд ёфт.
Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, дар ин рӯзи фархунда ба Шумо сиҳатии комил, саодатмандӣ ва дар фаъолиятатон бар нафъи мардуми тоҷик комёбиҳо орзу менамоям».
Дар табрику таҳнияти Президенти Туркманистон – Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов чунин омадааст:
«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!
Табрикоти сидқӣ ва таманиёти нектаринамро ба муносибати зодрузатон қабул фармоед.
Таҳти роҳбарии Шумо Тоҷикистон дар ҷодаи таҳкими давлатдорӣ ва рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ дилпурона қадам мегузорад.
Итминон дорам, муносибати анъанавии дӯстонаи миёни Туркманистон ва Тоҷикистон, ки ба усули баробарӣ, эҳтироми ҷонибайн ва эътимод асос ёфтаанд, минбаъд низ бар нафъи мардумони мо рушд хоҳанд ёфт.
Бо истифода аз ин фурсати хурсандибахш ба шумо самимона саломатии комил, саодат ва дар фаъолияти сермасъули давлатиатон комёбиҳои нав ва ба мардуми дӯсти Тоҷикистон сулҳу рифоҳу шукуфоӣ хоҳонам».
Президенти Ҷумҳурии Арманистон Армен Саркисян дар барқияи шодбошии худ чунин зикр намудааст:
«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,
Табрикоти сидқии маро ба муносибати зодрӯзатон бипазиред!
Бовар дорам, ки таҷрибаи бисёрсолаи фаъолияти давлатӣ, нерӯ ва ҳадафмандии Шумо ҷиҳати ноил гаштан ба ҳадафҳои гузошташуда минбаъд ҳам барои шукуфоии Тоҷикистони дӯст хидмат хоҳанд кард.
Инчунин муътақидам, ки муносиботи анъанавии дӯстонаи байни кишварҳоямон дар оянда низ ба таъмиқи ҳамкориҳои мутақобилан судманд, ки аз манфиатҳои мардумонамон маншаъ мегиранд, мусоидат хоҳанд кард.
Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, саломатии бардавом ва муваффақият, ба мардуми дӯсти Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ таманно дорам».
Номаҳои табрикотӣ ҳамчунин аз нахустин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев, Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия Вячеслав Володин, собиқ Президенти Украина Леонид Кучма, Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Владимир Норов, иҷрокунандаи вазифаи Котиби генералии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Валерий Семериков ва дигарон расиданд.
Вуруди барқияҳои шодбошӣ ба унвони Президенти кишвар ба муносибати зодрӯзашон идома дорад.
АМИТ «Ховар»