IRS: Ҳаракати воситаҳои нақлиёти сабукрав аз Хуҷанд ба самти Душанбе таъмин шуд

Тавре қаблан хабар додем, шаби гузашта бинобар бориши шадиди барф ва тармафароии зиёд ҳаракати тамоми намуди нақлиёт аз тариқи роҳи Душанбе-Чанок боздошта шуд. Дар айни замон тармаҳое, ки дар роҳи мазкур фаромада буданд, аз ҷониби кормандони филиали ширкат бартараф шуда, чанд лаҳза пеш ҳаракати нақлиёти сабукрав аз шаҳри Хуҷанд ҷониби шаҳри Душанбе оғоз гардид. Дар ин бора ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар наздиктарин фурсат барои ҳаракат аз Душанбе ба самти  Хуҷанд низ дар роҳи мошингарди Душанбе-Чанок иҷозат дода мешавад.

Ёдовар мешавем, ки омодагии филиали ширкат ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 ҷиддӣ ва ҳамаҷониба аст. Барои фаъолияти муназзам дар фасли сармо 19820 тонна маводи зиддилағжиш, 89 тонна ангишт, қариб 300 000 литр сӯзишворӣ ва дар ҳаҷми зарурӣ равғанҳои молиданиву либосҳои зимистона захира шудаанд.

Роҳбарияти ширкат ба маълумоти ронандагон мерасонад, ки дар ин мавсим ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт, риояи талабот ва меъёрҳои муқарраршудаи бехатарии ҳаракат дар роҳ, аз ҷумла, бо лавозимоти ҳимоявӣ (симтобаи кашолакунӣ, занҷир, болиштаки зиддиғелиш ва ғайра) муҷаҳҳаз будан бояд пайваста дар мадди назарашон бошад.

АМИТ «Ховар»

Tags: