ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН-2020. Аъзои КМИР бо кормандони Палатаи ҳисоб вохӯрӣ доир намуданд

Дар ростои баргузории маъракаи муҳими сиёсӣ — интихоботи қарибулвуқуи президентӣ дар   Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии намояндагони  Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии /КМИР/ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  кормандони ин мақомоти олии назоратӣ доир гардид.

Узви КМИР Махфират Хидирзода роҷеъ ба тартиби гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан карда, гуфт, ки тибқи талаботи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳуқуқи интихоботии умумӣ, баробар ва мустақим бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб мешавад.

Зикр гардид, ки шахсе ба номзадии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои маълумоти олӣ бошад, забони давлатиро донад ва дар ҳудуди ҷумҳурӣ на камтар аз 10 соли охир истиқомат дошта бошад. Ошкору шаффоф баргузор намудан яке аз принсипҳои асосии баргузории интихобот мебошад.

-Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 октябри соли 2020 баргузор гардида, дар саросари кишварамон 68 ҳавзаи овоздиҳӣ ва дар 29 давлати ҷаҳон 39 ҳавзаи овоздиҳӣ таъсис дода шудааст, -афзуд Махфират Хидирзода.

Ҳамзамон дар вохӯрӣ коршиноси КМИР Муҳаммадҷон Соҳибов доир ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаслҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Низоми интихоботӣ ва хусусиятиҳои хоси он дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ибрози назар намуд.

Дар мулоқот масъалаҳои марбут ба баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини ҳуқуқии раъйдиҳандагон, бахусус шахсони имконияташон маҳдуд ва муҳоҷирони меҳнатие, ки дар хориҷи мамлакат қарор доранд, матраҳ гардиданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: