Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 22 апрели соли равон барои баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар пойтахт дар соли 2021 1 445 000 (як миллиону чорсаду чилу панҷ ҳазор) сомонӣ ҷудо мегардад.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, тибқи қарори дахлдор ҳайати комиссия ва ҷоизаҳои озмуни мазкур тасдиқ гардида, масъули соҳа вазифадор шудаанд, ки баҳри дар сатҳи баланд доир намудани озмуни мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Ёдовар мешавем,ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли сеюм аст, ки дар мамлакат Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардида истодааст. Тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат барои боз ҳам ҷолибу шавқовартар ба роҳ мондани озмуни мазкур ба Низомномаи он соли равон тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.
Имсол барои баргузории озмуни мазкур аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 835 000 (ду миллиону ҳаштсаду сию панҷҳазор) сомонӣ ба таври нақд ҷудо мегардад. Ин маблағ соли 2020 1 646 400 (як миллиону шашсаду чилу шаш ҳазору чорсад) сомонӣ ва соли 2019 310000 (сесаду даҳ ҳазор) сомониро ташкил медод.
АМИТ «Ховар»