Имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои камабри тағйирёбанда ва фаромадани туман дар назар аст

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои камабри тағйирёбанда дар назар дошта шуда, фаромадани туман пешгӯӣ карда мешавад.

Имрӯз, 5 феврал дар вилояти Суғд ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, фаромадани туман пешбинӣ карда мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 дараҷа сард ва рӯзона 1-6 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ба иттилои Агентӣ, ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон абрноки тағйирёбанда мешавад. Дар ғарби вилоят шабона 6-11 дараҷа сард ва рӯзона 4-1 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 24-29 ва рӯзона 9-14 дараҷа сард мегардад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок гашта, фаромадани туман дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ғарб 2-7 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо ҳаво шабона 3-8 дараҷа сард ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр шуда, фаромадани туман пешгӯӣ карда мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7-12 дараҷа сард ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво абрноки тағйирёбанда мешавад. Ҳаво шабона 7-12 дараҷа сард ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм хоҳад шуд.

АМИТ "Ховар"