«Помир-Боми ҷаҳон»- таҳти чунин унвон дар доираи эълони Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон-шаҳри Хоруғ ҳамоиши илмии сайёҳӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумии Бадахшон баргузор гардид.
Ҳамоиш бо ибтикори Раёсати ҳифзи муҳити зисти Бадахшон ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» дар ҳамкорӣ бо шуъбаи рушди сайёҳӣ дар вилоят гузаронида шуд.
Дар ҳамоиш, ки муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод ва муовини Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Анвар Имматшозода иштирок доштанд, иқтидорҳои табиӣ ва экологии Бадахшон ҳамчун омили рушди туризми экологӣ баррасӣ гардиданд.
Бадахшон бо табиати зебою нотакрор, олами бои набототу ҳайвонот, чашмаю рӯдҳои серобу мусаффо, кӯҳҳои сарбафалаккашида, ки бо номи «Боми ҷаҳон» машҳуранд, таваҷҷуҳи сайёҳони дохилию хориҷиро ба худ ҷалб намудааст.
Ин аст, ки ҳар сол садҳо нафар сайёҳон барои тамошои табиати нотакрор ва қуллаҳои осмонбӯс ба Бадахшон омада, мафтуни як гӯшаи зебои Тоҷикистон мегарданд.
АМИТ «Ховар»