Бахшида ба ҷашни хотирмони кишвар 25-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо иштироки кормандони ташкилоту идораҳо ва фаъолон чорабиниҳои мухталиф, аз қабили семинару конфронс, суҳбату вохӯриҳо оид ба нақшу аҳамияти Истиқлолият дар бунёд ва ташаккули давлатдории навини тоҷикон ҷараён доранд. Вобаста ба ин ҷашни муқаддас дар маҷлисгоҳи бахши Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ибтикори Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ ва ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва бо иштироки ҷавонони фаъоли ташкилоту муассисаҳои ноҳия таҳти унвони «Тоҷикистони озоду соҳибистиқлоли Ватани маҳбуби ҳар яки мо !» ҷамъомади васеъ баргузор гардид. Дар он иштирокдорон доир ба мавзӯи «Дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 25 соли Истиқлолият» сухан гуфта, насли ҷавонро ба гиромӣ доштани ин неъмати бебаҳо ва ҳамзамон саҳмгузор будан дар пешрафту тараққиёти кишвар даъват намуданд.
АМИТ «Ховар»