Собиқ Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии гастроэнтерологияи Тоҷикистон таъйин шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» роҳбари маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Эмомалӣ Мирзо хабар дод.
Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии гастроэнтерологияи Тоҷикистон соли 1965 дар заминаи Академияи илмҳои Тоҷикистон барои табобати бемориҳои системаи ҳозима ва ҷигар таҳти роҳбарии академик Ҳамид Мансуров таъсис ёфтааст.
Пажӯҳишгоҳ маркази илмӣ, ташкилӣ, методӣ, машваратӣ, клиникӣ ва таълимӣ буда, муассисаи асосии Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар самти табобати бемориҳои системаи ҳозима мебошад.
АМИТ «Ховар»