Ифтитоҳи намоишгоҳ дар Кумитаи иҷроияи ИДМ дар Минск ба ифтихори Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон

Дар Кумитаи иҷроияи ИДМ дар Минск ба ифтихори Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоишгоҳ ифтитоҳ ёфт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар медиҳад.

Дар намоишгоҳ китобҳо, албомҳо ва аксҳое, ки дар бораи таърихи пурғановат, манзараҳои зебои мамлакат,  фарҳанги асили мардуми тоҷик, ҳунарҳои мардумӣ ва фолклорӣ ривоят мекунанд, ба намоиш гузошта шудаанд. Қисми зиёди нашрияҳо ба иқтисодиёти Тоҷикистон, сиёсати хориҷӣ ва  фаъолияти он дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бахшида шудаанд.

Дар намоишгоҳ инчунин наворҳо дар бораи зиндагии имрӯзаи мамлакат, дастовардҳои халқи тоҷик дар давраи соҳибистиқлолӣ ва ҷойҳои дидании Тоҷикистон намоиш дода мешаванд.

Намоишгоҳ бо мусоидати Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус ва Китобхонаи Президентии Ҷумҳурии Беларус омода шудааст.

АМИТ «Ховар»

Tags: