Барқияи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ

Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:

«Ҷалолатмаоб,

Хабари ҳамлаи хунинтарини маргталабонро дар Кобул, ки муҷиби ҳалокату захм бардоштани теъдоди зиёди мардуми осоишта гардид, бо андӯҳи бузург  дарёфтам.

Ҷониби Тоҷикистон дар қатори тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ ин аъмоли зишту ғайриинсонии интиҳориёнро қатъиян маҳкум намуда, зарурати таъхирнопазири таҳкими муборизаи дастаҷамъонаро алайҳи нерӯҳои аҳримани терроризми байналмилалӣ  таъкид менамояд. Дар ин лаҳзаҳои барои мардуми дӯсти Афғонистон ҳассос мо омодагии хешро ҷиҳати тақвияти воқеии ҳамкории кишварҳоямон дар роҳи решакан кардани ҳамгуна зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ иброз медорем.

Эҳсоси ҳамдардӣ ва ғаму ғуссаи амиқи моро ба ҳар хонаводаи  фавтидагон изҳор намуда, хоҳони шифои комили ҳамаи осебдидагон ҳастем».