Ифтитоҳи бинои 15 - ошёна дар шаҳри Қӯрғонтеппа

Зимни сафари корӣ дар шаҳри Қурғонтеппа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ бинои нави истиқоматиро ифтитоҳ карданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро сокинони шаҳри Қурғонтеппа бо шукуҳу шаҳомати хоса ва бо эҳтироми самимӣ нисбат ба Пешвои хеш пешвоз гирифтанд.

Баъди буридани лентаи рамзӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити зист ва хизматрасонию савдо дар бинои истиқоматии 15 — ошёна, воқеъ дар кӯчаи ба номи Садриддин Айнӣ шинос шуданд. Инчунин Сарвари кишвар ба 2 нафар калиди хонаҳои истиқоматиро дар вазъи тантанавӣ супориданд. Бояд зикр кард, ки яке ятими кулл ва дувумин оилаи афсаре, ки ҳангоми ҳифзи амну суботи кишвар аз дасти бадхоҳон ба ҳалокат расидааст соҳиби манзили зист шуданд. Сарвари давлат изҳор доштанд, ки қаҳрамониҳои афсарону сарбозон ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳанд шуд. Ятимон низ дар ягон ҳолат бояд худро танҳо эҳсос накунанд, зеро Ҳукумати кишвар пайваста баҳри зиндагии шоистаи эшон андеша намуда, тамоми шароити буду бош ва таълимиро барояшон муҳайё месозад.

Фармоишгари бинои боҳашамати мазкур идораи сохтмони асосии шаҳр ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Камар Товар» мебошад.

Маблағи умумии сохтмони иншоот 37 миллиону 341 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Бинои мазкур аз 120 ҳуҷра иборат буда бо шаклу унсурҳои милливу муосир бунёд карда шудаст. Дар корҳои сохтмонӣ ҳудуди 220 нафар сокинони маҳаллӣ ва берун аз минтақа фаъолият кардаанд.

Дар маркази савдои бино, ки бо шакли замонавӣ сохта шудааст, 40 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд, ки ба тиҷорати ашёҳои маишӣ ва заргарӣ машғул мешаванд. Бинои навсохт дорои ҳуҷраҳои барҳаво ва дигар шароити муосир барои сокинони манзили истиқоматӣ мебошад.