ИФТИХОРИ МО! Ҷавони 17-солаи тоҷик соҳиби 223 000 доллар бурсияи донишгоҳи амрикоии «Duke Kunshan University» гардид

Ҷавони 17-солаи тоҷик  Назирҷон Исмоил бо ихтирои барномаи наве соҳиби 223 000 доллар бурсияи донишгоҳи амрикоии «Duke Kunshan University» гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Барномаи ихтироънамудаи Назирҷон Исмоил «Face recognition» мебошад. Он дар даромадгоҳи корхонаву муассиса насб карда шуда, чеҳраҳои шахсони воридшавандаро шиносоӣ мекунад. Дар ҳолати набудани маълумот дар бораи шахс хабар медиҳад, ки ин нафар бегона аст.

Бояд гуфт, ки  Назирҷон Исмоил чанд барномаи дигар низ ихтироъ намудааст, ки яке аз онҳо «BeReade» мебошад.

Барномаи «BeReade» барои дастрас кардани вазифаҳои хонагии хонандагони мактаб хидмат мекунад.

Ҷавони тоҷик нақша дорад, ки чунин барномаҳои худро зиёд намуда, дар соҳаи технология саҳм гузорад. Ӯ ҳамчунин муаллифи чанд лоиҳа дар соҳаи технология мебошад.

Бояд гуфт, ки «Duke Kunshan University» донишгоҳи илмҳои гуманитарии сатҳи ҷаҳонӣ дар Куншани Чин буда, якчанд барномаҳои таълимии босифат ва инноватсиониро барои донишҷӯёни саросари ҷаҳон пешниҳод мекунад. Он моҳи сентябри соли 2013 дар доираи шарикии ИМА ва Чин миёни донишгоҳҳои «Duke University» ва «Wuhan University» таъсис ёфтааст.

АМИТ «Ховар»

Tags: