Дар Мактаби байналмилалии президентӣ дар шаҳри Душанбе даври хотимавии (чоруми) олимпиадаи хонандагон аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва табиию риёзӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Бино ба иттилои вазорат, дар олимпиада 530 нафар хонанда аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, забони давлатӣ, забони англисӣ, забони русӣ, забон ва адабиёти рус, асосҳои давлат ва ҳуқуқ, таърих, математика, физика, химия, технологияи информатсионӣ, биология ва география донишу маҳорати худро санҷиданд.
Аз рўи талаботи Низомнома хонандагон дар ду шарт — кори хаттӣ ва тестӣ ба сабқат пардохтанд. Ҳамин тариқ, натиҷаи озмун нишон дод, ки хонандагони шаҳри Душанбе бо 35 медал (10 тилло, 10 нуқра ва 15 биринҷӣ) ҷойи аввал, вилояти Хатлон бо 27 медал (6 тилло, 7 нуқра ва 14 биринҷӣ) ҷойи дуюм, вилояти Суғд бо 25 медал (7 тилло, 8 нуқра ва 10 биринҷӣ) ҷойи сеюмро соҳиб гардиданд.
Шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ бо гирифтани 7 ҷойи ифтихорӣ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо гирифтани 2 ҷойи ифтихорӣ зинаҳои минбаъдаро ба даст оварданд.
Ба ғолибон Нуриддин Саид, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон медал, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорид.
АМИТ "Ховар"