ХАДАМОТИ АЛОҚАИ ТОҶИКИСТОН: Шаҳрвандон барои ба шахси дигар ҷиҳати истифода додани симкорти худ метавонанд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд

Додани симкорте, ки ба номи як шахс сабт шудааст, барои истифода ба шахси дигар қатъиян манъ мебошад. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар» муовини сардори Хадамоти алоқаи наздиҲукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Атоев бори дигар таъкид намуд. 

Атоев изҳор дошт, ки  бар асоси қарори Ҳукумат аз 30 апрели соли  2016 №207-7   «Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳоли вобаста ба он»   азнавбақайдгирии симкортҳои алоқаи мобилӣ аз ҷониби истифодабарандагон дар асоси шиносномаи шаҳрванди Тоҷикистон – «корти ID» гузаронда мешавад. Тибқи ин қарор  Хадамоти алоқа вазифадор шудааст, ки то 15 августи соли равон ба номи ҳар шахс ба расмият даровардани на зиёда аз ду симкортро бо шиносномаҳои нав — корти ID анҷом диҳад.

Ба гуфтаи номбурда,  агар симкортфурӯш баъди як соли татбиқи ҷазои маъмурӣ дубора ба симкортфурӯшии ғайриқонунӣ даст занад, алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ кушода хоҳад шуд ва нисбаташ ҳукми зиндон, ё ҷарима аз 600 то 800 нишондиҳанда барои ҳисобҳо татбиқ мегардад. Як нишондиҳанда барои ҳисобҳо феълан дар  Тоҷикистон  ба 55 сомонӣ баробар буда, ҷарима барои симкортфурӯшии ғайриқонунӣ аз 33 ҳазор то 44 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Илҳомҷон Атоев  ҳамчунин тавзеҳ дод, ки агар симкорт барои истифода ба шахси дигар дода шаваду он дар ҷиноятҳои хусусияти террористӣ-экстремистӣ дошта истифода  гардад, соҳиби симкорт аз 2 то 3 сол  ҳабс ё аз 800 то 1500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷаримабандӣ мешавад.  Ҳаҷми ҷаримаи соҳиби симкорт дар ин ҳолат аз 44 то 82,5 ҳазор сомониро ташкил хоҳад дод.

Таъкид  карда шуд, ки тағйироти дахлдор аллакай ба Кодексҳои маъмурӣ ва ҷиноятии Тоҷикистон ворид гардида,  феълан мавриди амал қарор доранд.

«Яке аз сабабҳои қатъӣ кардани сабти симкортҳои телефони мобилӣ бо пешниҳоди шиносномаи нав ба он вобаста аст, ки баъзе аз шаҳрвандон бо истифодаи нусхаи шиносномаи намунаи соли 1996 симкортҳоро ба тариқи ғайрирасмӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ фурӯхтаанд, — иттилоъ дода буд аз ин пеш  рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз қавли муовини  Сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон. — Вале аз сабаби он ки анҷоми чунин кор ба якборагӣ мушкил буд, дар марҳалаи аввал иҷозат шуд, ки  бо шиносномаи намунаи соли 1996 симкортҳо ба расмият дароварда, тадриҷан, бо корти мазкур иваз карда шаванд».

Ба қавли манбаъ, «шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 2014  дорои махзани муътамади иттилоотӣ буда, истифодаи нодурусти симкортҳоро пешгирӣ менамояд. Дар он нақши ангушт, маълумот дар бораи гурӯҳи хун ва ҷойи зист дар намуди электронӣ мавҷуд аст”.

Бино ба иттилои Хадамоти алоқаи Тоҷикистогн, феълан дар  мамлакат 6 миллиону 471 ҳазор симкорт мавриди истифода қарор дорад, ки аз он танҳо наздик ба 2 миллиону 101 ҳазораш тавассути шиносномаи нав, яъне корти ID ба расмият дароварда шудаанд.Дар сурати то 15 августи соли равон шиносномаи соли 1996 — ро ба корти пластикӣ иваз накардан эҳтимол дорад, ки соҳибони симкортҳои боқимонда аз истифодаи он маҳрум гарданд. Зеро тибқи тартиби нав операторони мобилӣ танҳо дар сурати пешниҳоди корти ID симкорти муштариро ба расмият медароранд.

АМИТ «Ховар»

Tags: