11 марти соли равон дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон олимпиадаи донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷамъбаст гардид.
Тавре аз Хадамоти матбуоти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар озмун бо ба даст овардани 7 дипломи ҷои аввал ва 5 дипломи ҷои дуюм донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сазовори ҷойи аввал гардида, «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро соҳиб шуданд.
Инчунин бо ба даст овардани 2 дипломи ҷои якум ва 3 дипломи ҷои сеюм донишҷўёни Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров сазовори ҷои дуюм ва донишҷўёни филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 2 дипломи ҷои дуюм ва 2 дипломи ҷои сеюм сазовори ҷои сеюм гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки озмуни мазкур бо мақсади дарёфти хонандагони боистеъдод аз рӯи 12 соҳаи илм — математика, физика, астрономия, химия, геология, биология, иқтисодиёт, технологияҳои иттилоотӣ, забон ва адабиёти тоҷик, таърих, фалсафа ва ҳукуқ соли 4-ум аст, ки гузаронида мешавад.
АМИТ «Ховар»