Германия ба Тоҷикистон мавод ва таҷҳизоти тиббӣ дастрас намуд

Бо мақсади пешгирӣ ва мубориза бо коронавируси навъи нави  COVID-19 Ҷумҳурии Федеративии Германия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мавод ва таҷҳизоти тиббӣ дастрас намуд, ки маблағи умумии он 1 миллион евроро дар бар мегирад. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ “Ховар” хабар доданд.

Мавод ва таҷҳизоти тиббии мазкур аз 16 номгӯй: воситаҳои муҳофизатии яккаратаи кормандон, маводи безараргардонӣ, термометрҳои фосилавӣ, дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ ва воситаҳои нобудсозии маводи истифодашуда иборат буда, он  дар асоси таҳлили эҳтиёҷот ва таҳти дастури Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ тартиб дода шудааст.

Маводи тиббӣ ба Беморхонаи бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе супорда шуда, дар маросими он муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, Сафири Германия дар Тоҷикистон Андреас Протманн ва намояндаи маҳаллии Бонки Рушди Германия KfW Манучеҳр Бақоев  иштирок намуданд.

Гуфта мешавад, ки  таҷҳизот дар доираи маблағгузории гранти махсус аз ҷониби Вазорати федералии ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Германия тавассути Бонки Рушди Германия — KfW дастрас шуда, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мубориза бо COVID-19 пешкаш шудааст.

11  адад дастгоҳи нафасдиҳии сунъии истеҳсоли ширкати Ҳамилтон (Швейтсария) бо маҷмӯи пурраи қисмҳои якдафъаина барои фаъолияти беист давоми 1 сол дар шароити сарбории пурра пешбинӣ шудааст. Ин таҷҳизот ба Маркази миллии тиббии «Шифобахш», Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил, беморхонаҳои марказии ноҳияҳои Данғара ва Ёвон дода мешаванд. Ин беморхонаҳо инчунин бо мақсади безараргардонӣ бо лампаҳои ултрабунафш таъмин мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки Бонки Рушди Германия- KfW дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барномаҳои ҳамкории молиявии Германия бо Тоҷикистонро аз соли 2003 дар самти назорати бемории сил, саломатии модару кӯдак ва ёрии таъҷилии тиббӣ, табобат ва пешгирии полиомиелит амалӣ мекунад.

АМИТ «Ховар»

Tags: