ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 омода мешавад

Дастаи футболи  мунтахаби бонувони   Тоҷикистон, ки аз бозингарони то 17-сола иборат аст, омодагиро ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 оғоз кард. Дар ин бора  шореҳи  варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дастаи  мунтахаби  бонувони  Тоҷикистон ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар шаҳри Турсунзода оғоз карданд, ки то 28 ноябр идома хоҳад кард. Ба ин ҷамъомади таълимиву тамринӣ 25 бозингар — 3 дарвозабон, 11 ҳимоятгар, 7 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар даъват карда шуданд.

Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби  бонувони  Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 ширкат меварзад. Дар даври аввал, ки аз 7 то 11 апрел баргузор мешавад, 32 даста ба 8 гурӯҳ тақсим мешаванд. Ғолибони гурӯҳ ба даври дуюм, ки 22-26 сентябр таъйин шудааст, роҳхат мегиранд.

Баҳори соли оянда дар Тоҷикистон давраи аввали мусобиқаҳои интихобии чемпионатҳои Осиё байни духтарони то 17 ва то 20-сола баргузор мешавад.

Ҳайати дастаи занонаи наврасони Тоҷикистон (U-17) барои ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар шаҳри Турсунзода:

Дарвозабонҳо: Муниса Гулова («Панҷшер»), Фараҳноз Холмуродова («Хатлон»), Таманно Икромзода («Навбаҳор»);

Муҳофизон: Таманно Буриева, Зулфия Ҳакимова (ҳама – «Зебонисо»), Шаҳноза Абдумуродова, Мафтуна Уразова (ҳарду – «Панҷшер»), Оишамоҳ Исокова («Равшан»), Фарзона Норматова («Спитамен»), Оиша Бутаева (ССШФКП), Нозанин Олимова, Руҳангез Қирғизбекова, Мафтуна Шанбиева (ҳама – «Зебо»), Сабрина Эрматова («Навбаҳор»);

Нимҳимоятгарон: Шукрона Устоева («Зебонисо»), Ганҷина Маҳмадалиева, Рамзия Маидова (ҳарду – «Зарнисор»), Шабнам Хилшоева («Зебо»), Шоҳсанам Хоҷиматова (ССШФКП), Ҷонона Назарова, Гулиноз Латипова (ҳарду – «Равшан»);

Ҳамлагарон: Фаришта Саидова («Зарнисор»), Умеда Ҷалилова («Чашма»), Тахминаи Баҳром («Панҷшер»), Рухшона Файзуллоева (ССШФКП).

Сармураббӣ – Тоҷиддин Наботов.

АМИТ «Ховар»

Tags: