Филми «Коса»-и муассисаи «Суғдсинамо» дар Фестивали IX филмҳои афғонӣ, ки чанде қабл дар шаҳри Стокголми Шветсия баргузор гардид, сазовори ҷоизаи «Беҳтарин филми кўтоҳмуддат» дар байни филмҳои хориҷӣ гардид.
Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ҷашнвораи мазкур аз Тоҷикистон ду филм- «Коса» ва «Духтари Сайҳун», ки бо коргардонии Муҳиддини Музаффар таҳия гардидаанд, дар радифи 30 филми дигар аз Эрон, Афғонистон ва дигар кишварҳои дунё, ки бо забони форсӣ-тоҷикӣ (дарӣ) ба навор гирифта шудаанд, иштирок карданд.
Бояд зикр намуд, ки мавзўи филмҳои фестивал мушкилоти кўдакону наврасон, муҳоҷират ва ҷангу сулҳ, масоили гуногуни иҷтимоӣ ва фарҳангӣ буд.
Филми «Коса» доир ба масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд ба навор гирифта шудааст. Филми мазкур соли гузашта дар фестивалҳои синамоӣ дар шаҳри Қазони Федератсияи Россия ва Лондони Бритониёи Кабир низ иштирок карда, санъати синамои тоҷикро муаррифӣ карда буд.
АМИТ "Ховар"