Имрӯз дар саҳни Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Тараннумгари сухан» ба анҷом расид. Беҳтаринҳои иштирокдорони он аз рӯи панҷ номинатсия сазовори мукофот ва ифтихорнома гардиданд. Дар озмунҳои «Хабарнигорон барои беҳтарин инъикоси таҷрибаи коллективҳои меҳнатӣ оид ба тарғиби китоб ва рушди хониш дар ВАО» хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Саидамир Боқиев, «Ровиёни ҷавон» хонандаи синфи 5-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7, шаҳри Ҳисор Мумтоз Ҳакимова, расмҳо аз рӯи асарҳои кӯдакона «Китобчаи дӯстдоштаи ман» хонандаи синфи 2 Литсейи давлатии Ориёнои шаҳри Бохтар Ислом Эгамбердиев, «Фаъолтарин хонанда» хонандаи синфи 2 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и шаҳри Хоруғ Садиқа Саховатпешаева ва «Машҳуртарин нависандаи кӯдакон» адиб Латофат Кенҷаева сазовори ҷои аввал дониста шуданд.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» Фирӯзаи Давлат гузориш медиҳад, ки дар ҷамъбасти Фестивал адибону олимон, намояндагони вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илм, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, донишҷӯён, хонандагон ва омӯзгорон иштирок намуданд.
Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» ҳар сол бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар дар мамлакат бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.
Дар саҳни Донишкадаи мазкур намоиши китобҳои нашриёти ватанӣ ва маҳсули дасти хонандагон ба намоиш гузошта шуд, ки аз ҷониби иштирокдорон хуб истиқбол гардид.
Муовини якуми Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Обидҷон Назариён ҳамоишро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки «китоб сарчашмаи дарёи ақл буда, он барои ҳар инсон муқаддас мебошад. Аз қадимулайём тоҷикон миллати фарҳангӣ буданд ва ба китоб эътиқод доштанд».
Мавсуф иброз намуд, ки “имрӯз мояи ифтихору хурсандии мост, ки дар мамлакат чунин Фестивали бошукӯҳ баргузор мегардад, ки дӯстдорони каломи бадеиро ба худ ҷалб менамояд. Тӯли як ҳафтае, ки замзамаи фестивали китоби бачагон дар мамлакат танинандоз буд, наврасону ҷавон баҳри бардоштани ғизои маънавӣ мешитофтанд. Пас метавон бемуҳобот гуфт, ки дар замири кӯдакони тоҷик меҳри китоб азалист».
Ректори Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Муҳриддин Низомӣ баргузории ҳафтаи китобро рӯзҳои таърихӣ дар мамлакат номид.
«Дар ҳар ҷойе, ки китоб аст, маърифат аст, фазои солим аст ва маҳз китоб ба ҳама торикиҳо равшанӣ мебахшад. Зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад»,-иброз ӯ.
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, дар фестивал озмунҳои гуногун, аз қабили озмуни «Расмҳо аз рӯи асарҳои кӯдакона», «Китобчаи дӯстдоштаи ман», Озмуни «Хабарнигорон барои беҳтарин инъикоси таҷрибаи коллективҳои меҳнатӣ оид ба тарғиби китоб ва рушди хониш дар ВАО», сабқатҳои «Фурӯхташавандатарин китоб», «Фаъолтарин хонандаи ҷавон», «Машҳуртарин нависандаи кӯдакон», «Фаъолтарин китобхона ва хонандаи ҷавон», «Ровиёни ҷавон» баргузор гардиданд.
Ҳадафи асосии баргузории фестивал-ин ҷалби насли наврас ба мутолиаи китоб, ташаккул ва такомули беҳтарин малакаҳои хониш, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи фарҳанги иттилоотии кӯдакону наврасон, ҷавонон ва ба ин васила дар замири онҳо тарбия намудани ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ, гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ мебошад.
Сипас аз ҷониби муовини аввали Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ректори Донишкада ғолибон аз рӯи озмунҳо эълон гардида, ба онҳо мукофотҳо тақдим гардид
Дар фарҷом барномаи фарҳангӣ манзури иштирокдорони Фестивал гардид.
Мавриди зикр аст, ки яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва фарҳанг — ин тарбияи насли ояндаи миллат дар рӯҳияи созандагӣ, бунёдкорӣ, ҳисси хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, эҳтиром ба таърих ва мероси гаронмояи ниёгон, ифтихор аз комёбиҳои даврони соҳибистиқлолӣ, ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ, равона сохтани майл ва завқу рағбати онҳо ба донишомўзӣ, баҳрабардории ҳарчи бештари кўдакону наврасон аз дастовардҳои илмию техникӣ, техника ва технологияи муосир ба шумор меравад.
АМИТ «Ховар»