ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ҳамзамон Намояндаи доимии
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони амният ва ҳамкорӣ дар
Европа ва созмонҳои дигари байналмилалӣ (Вена, Австрия)
таъин намудани Қаландар И.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :
Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия Қаландар Идибек ҳамзамон Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Европа ва созмонҳои дигари байналмилалӣ (Вена, Австрия) таъин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
25 сентябри соли 2017
№936
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи озод намудани судяҳо
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Имомзода Сафармо Абдухолиқ аз вазифаи раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе,
Очилзода Мамлакат аз вазифаи судяи суди вилояти Суғд бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан, Машрабзода Азим Карим аз вазифаи муовини раиси суди иқтисодии вилояти Хатлон бо хоҳиши худаш озод карда шаванд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
25 сентябри соли 2017
№938