ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи раиси
ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе
озод намудани Юсуфӣ М.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Юсуфӣ Муҳаммадраҳим бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
13 январи соли 2020
№1393
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси
ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе
таъин намудани Усмонзода Ф.Б.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Усмонзода Фатҳиддин Бадриддин иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе таъин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
13 январи соли 2020
№1394
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи раиси ноҳияи Шуғнони
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
озод намудани Гиёзода А.Қ.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Гиёзода Азиз Қодир бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
13 январи соли 2020
№1395
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи раиси ноҳияи
Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
таъин намудани Ҷумъазода Ҷ.Ш.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Ҷумъазода Ҷумъа Шофақир раиси ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
13 январи соли 2020
№1396
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи раиси
ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
озод намудани Азиззода Ғ.М.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Азиззода Ғайрат Мулломаҳмад бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
13 январи соли 2020
№1397
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи
раиси ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
таъин намудани Азиззода Т.М.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Азиззода Тоҳир Мирзораҳмат иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд таъин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
13 январи соли 2020
№1398
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи раиси
ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон
озод намудани Файзуллозода З.Х.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Файзуллозода Зафар Хайрулло бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
13 январи соли 2020
№1399
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи
раиси ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон
таъин намудани Садриддинзода Б.Т.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Садриддинзода Бадриддин Талбак иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон таъин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
13 январи соли 2020
№1400
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Сафири Фавқулодда ва
Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии
Финляндия таъин намудани Ҳақдод М.М.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :
Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Ҳақдод Маҳмадшариф Маҳмуд ҳамзамон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Финляндия таъин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
13 январи соли 2020
№1401
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон
озод намудани Олимзода С.Х.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :
Олимзода Сӯҳроб Хоҷа бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
13 январи соли 2020
№1402
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Сафири Фавқулодда ва Мухтори
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон
таъин намудани Ализода Назирмад
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :
Ализода Назирмад Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон таъин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
13 январи соли 2020
№1403
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Сафири Фавқулодда ва Мухтори
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Норвегия
таъин намудани Қаландар И.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :
Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия Қаландар Идибек ҳамзамон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Норвегия таъин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
13 январи соли 2020
№1404
АМИТ «Ховар»