ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ПЕШВО ВА ИФТИХОРИ МИЛЛАТ. Ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад

Имрӯз, 16 ноябр, дар Тоҷикистон Рӯзи Президент таҷлил карда мешавад. Маҳз дар ҳамин рӯз соли 1992 дар иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии мамлакат дар шаҳри Хуҷанд  Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлат интихоб гардиданд ва дар таърихи миллати тоҷик ва давлатдории тоҷикон марҳилаи муҳиму созанда ва сарнавиштсоз оғоз гардид.

6 ноябри  соли 1994 нахустин бор дар таърихи кишварамон  Конститутсияи Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул ва худи ҳамон сол интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки дар он фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон бо касби аксари овозҳо ғолиб баромаданд ва маҳз 16 ноябри ҳамон сол чун Президенти интихобшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд намуданд.

 Ба таври расмӣ Рӯзи Президент бо қарори Маҷлиси Олии мамлакат 15 апрели соли 2016 таъсис дода шуд. Инак, соли панҷум аст Рӯзи Президент дар Тоҷикистон ҳамчун иди давлатӣ ҷашн гирифта мешавад.

Ҳадаф аз таъсис ва таҷлили Рӯзи Президент – арҷгузорӣ ба хизматҳои беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Тоҷикистон ва мардуми он аст.

Дар арафи ин рӯз чанде аз аҳли қалам андешаҳои худро дар бораи Рӯзи Президент ва Пешвои миллат иброз намуданд.

Муҳаммадато СУЛТОНОВ,  рӯзноманигор, мудири Шуъбаи матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

 — Дар таърихи давлату давлатдорӣ кам касоне мисли Президент Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаҳон шинохта шудаанд.  Ин абармард тавонист бо    кордонӣ, дурандешӣ ва фаросати бузург   миллатро аз вартаи ҳалокат наҷот диҳад.

Чанд сол қабл дар  Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон  «Ховар» кор мекардам. Аввалин солҳои роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон буд ва шуруъ аз ҳамон   айём   Пешвои миллат ба ҷавонон  чун ба ояндаи кишвар  таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамуданд. Он солҳо Президент   дастони мо, хабарнигорони ҷавонро пеш аз оғози мулоқотҳояшон бо меҳмонон, аз ҷумла бо корпуси дипломатии  кишварҳои  хориҷӣ як- як мефишурданд. Баъди солҳо  дарк намудам, ки Сарвари давлат  аслан хабарнигоронро хеле дӯст медоранд ва эҳтиром мекунанд.

Ба мо, як гуруҳ хабарнигорони ҷавон, ҳамон солҳои душвор муяссар шуд, ки Президентро дар як сафари корӣ ба ноҳияи дурдасти Мурғоб ҳамроҳӣ намоем. Бори аввал  ҳамроҳи  Президент, дар паҳлӯи   он кас қадам мезадем!  Сарвари давлат бо мо бо ҳарорат суҳбат мекарданд, ҳатто ҳамроҳамон дар юртаи қирғизӣ хўрок хўрданд.

Сафари дигари мо ҳамроҳи Президент Эмомалӣ Раҳмон ба вулусволии Фархори Давлати Исломии Афғонистон ба вуқуъ афтода буд.  Ёд дорам, Президент бя як эҳсоси баланди ватанпарварона ва   миллатдӯстона аҳамияти ба ҳам омадани тоҷикон, аз сулҳу ваҳдат сухан мегуфтанд.

Пешвои мо  Эмомалӣ Раҳмон дар асл Президенти  мардумиянд. Бо замину каланд дар байни мардум ба воя расидаанд. Худи Президент низ ин нуктаҳоро борҳо дар  суханрониҳояшон  таъкид  намудаанд.

Аслан, ҳеҷ кас аз модар Пешво ё Президент таваллуд намешавад, агар инро Худованд нахоҳад.  Президенти мо   марди худододанд. Худованд  ҳама хослатҳои накӯи инсонӣ ва сифатҳои беҳтарини роҳбариро ба он кас лоиқ дидааст.

Президент Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша муваффақияти худро дар такя ба халқ мебинанд.

Мо бояд  Пешвои миллати худро  мисли гавҳараки чашм бояд азиз дорем ва  эҳтиёт кунем. Худованд  ба бахти мо чунин   сарвареро ато кардааст, ки  доштанашро бисёр халқҳо   орзу мекунанд.

Қаҳрамони миллии Афғонистон марҳум Аҳмадшоҳи Масъуд  дар бораи Президенти мо Эмомалӣ Раҳмон бо самимият сухан мегуфт.    Ёд дорам, соли 1995 буд. Мо дар қарияи Ҷангалаки дараи Панҷшери Афғонистон, аниқтараш дар хонаи шодравон Аҳмадшоҳ суҳбате доштем. Сухан дар бораи сулҳу ваҳдати Тоҷикистон мерафт. Ҳамон солҳои душвор Масъуд гуфта буд: «Шумо тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон доред. Тасавур кунед, мо зиёда аз сӣ сол боз барои сулҳ дар Афғонистон мубориза мебарем. Ин абармарди миллат барои Шумо дар як сол сулҳи бебозгашт овард. Акнун тасаввур кунед, ки Шумо чӣ гуна Пешвое доред. Ин гуна Пешворо ҳама хайрхоҳони ҷаҳон орзу мекунанд. Эмомалӣ Раҳмон дили бузурги инсонӣ доранд, ки дар он    ҳама меғунҷад. Ў охирин тоҷикро ба ватан баргардонид. Магар ин тавоноию қудратмандии инсон нест? Эмомалӣ Раҳмонро на танҳо шумо, балки тамоми тоҷикони дунё дўст медоранд. Худо шоҳид аст, ин мард бо ин ақлу заковате, ки дорад, дунёро тасхир мегардонад!».

Аз ин лиҳоз имрӯз мо чӣ қадаре, ки дар бораи ин абармарди миллат ва шахсияти ҷаҳонӣ нависем ҳам, кам аст. Вале дар ин камии мо самимияту ихлосу меҳрубониҳои зиёде ба Пешвоямон нуҳуфта аст.

Ва имрӯз миллат Пешвои худро дўст медорад ва бо ӯ ифтихор  мекунад. Сокинони мамлакат ба нишони ин эҳтирому муҳаббат эҳтироми Пешвои миллат номи фарзандонашонро Эмомалӣ ном  мениҳанд.

Марк Аврелии бузург мефармояд: «Ҳеҷ қуввае шадидтар аз қувваи муҳаббат ба Ватан нест». Имрӯз ин қувваро Президент Эмомалӣ Раҳмон бо халқу миллати хеш доранд. Президент Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд бо хизмату ҷаҳду талошҳои худ дар дилу дидаи мардум ҷой гиранд.

Суханрониҳои пай дар пайи Пешвои миллати мо аз минбари Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи олам,    ташаббусҳои Сарвари давлати мо    роҷеъ ба ҳалли масъалаҳои  глобалии дунё хеле назаррас буда, дараҷаи баланди инсондӯстӣ ва сатҳи олии донишу ҷаҳонбинӣ ва дурандешии  Пешвои миллати моро нишон медиҳанд.

Пешвои мо, Президенти мо борҳо ҳаҷҷи хонаи Худо кардаанд ва аз нуру сафо холӣ нестанд. Беҳуда нест, ки Президенти мо борҳо дар қатори 500 нафар мусалмонони  шуҳратманди дунё ҷой гирифтаанд ва аз минбарҳои баланди конфронсҳои исломӣ оид ба покизагии дини мубини ислом сухан мегӯянд.

Дар лавҳи турбати Баҳроми Гӯр навишта шуда, ки «дасти саховатманд беҳ аз бозӯи зӯрманд аст». Пешвои мо  шахсияти соҳибкараманд ва    дар байни халқ ҳамчун шахси саховатманду саховатпеша ном баровардаанд. Саховат файзу баракати хосса дорад ва сабаби фаровонӣ мегардад ва ба сарват сарват зам менамояд. Мо бояд оини   ҷавонмардиро аз Пешвои миллат омӯзем.

Маҳз  ба шарофати сиёсати оқилонами давлатдории Пешвои миллат  рӯзгори сокинони Тоҷикистон торафт беҳ мегардад. Имрўз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори даҳ давлати рӯ ба тараққӣ эътироф шудааст.

Ҳамасола Пешвои миллат сафарҳои зиёде ба кишварҳои гуногуни дунё мекунанд. Бо президентҳои ҷаҳон, сиёсатмадорони маъруф мулоқоту суҳбатҳо гузаронида, манфиатҳои миллии моро дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳимоят менамоянд.

Дар интихоби кадрҳо низ Пешвои мо гавҳаршиносанд. Ёд дорам, Президент борҳо дар суханрониҳояшон таъкид намудаанд, ки мард бо соҳиб шудан ба мансаб бузургу шарофатманд намешавад, балки мансаб ба туфайли мардони шарофатманд бузургу баландмақом мегардад.

Фикр мекунам, ки  ҳаёт ва фаъолияти Пешвои миллат бояд барои ҳамаи мо, сокинони Тоҷикистон сабақи якумрӣ ва мароми зиндагонӣ   бошад.

 ——— . ————

 Адибаи  ХУҶАНДӢ, шоира:

— Имрӯз Тоҷикистон шукри Худо ки осудаву ором аст ва мардум рӯзгори серу пур доранд.

Шукри Худо дар хонаҳо оромишу хушбахтист. Давлат, Президент кӯшишу кору ибтикори пайваста  барои хушбахтии ҳар яки мо мекунанд.

Аммо аз мо ҳам вобаста аст таъмини хушбахтии худу аҳли оилаи худ, ки аз мо меҳнат, маданият, муҳаббат, садоқат, ахлоқу одоби шоиста, риояту посдории қонунҳои кишвар, илму дониш, ҳунар, касбу кор талаб мекунад.

Тоҷикистон ободу зебо мешавад, ҳамарӯза рӯ ба тараққиву тамаддун аст.

Шукри Худо, Тоҷикистон дар роҳи ободиву пешравиҳост.

Ҳар гоҳ хабари ғамборе мешунавам, ки дар кишваре ҷавонон кушта шуданд, кӯдаке таҷовуз шуд, духтареро дар даҳсолагӣ на танҳо шавҳар кард, балки хонавайрон ҳам шуд, духтареро сангборон карданд, чун тӯҳмат шуд, чун шояд касеро дӯст медошт, вақте мешунавам кушторҳо дар кишварҳое оммавист, дилам ваҳм мекашад.

Чи гуна метавонад нафаре аз номи халқу ватан сухан гӯяд вақте ба хотири манфиати худ ҳамин гуна ҳолатро мехоҳад ба сари мардуму миллати худ, хоҳару бародару хешу табори худ орад?!

Худо ҳифз кунад ҷавонони моро ва кишвари азизи моро аз ин ҳолатҳо.

Мо дар интернет менависем, ки барои як соат чароғ кушта шуд. Аммо дар Афғонистон ҳамин дирӯзҳо чандин нафар ҷавонон кушта шуданд. Чароғе, ки як соат шояд бо сабабе кушта шуд, аз нав  дар мегирад, аммо ҷавоне, ки кушта шуд барнамегардад… падару модараш дигар мурдаи ғаманд, ки танҳо сурати зинда доранд.

Ҳикмати бузургон ин аст, ки ҳамеша шукргузор бояд буд ва ҳамеша дар ҳоли тараққиву пешрафт бояд буд. Мушкилоте агар ҳаст, бо бадгӯиву ғайбату тӯҳмат баратараф карда намешавад, балки бо тифоқиву меҳнату ватандорӣ мешавад бартараф кард.

Ҳамеша иттифоқи мардум бо давлат ва ба як роҳ сарҷамъона рафтан тараққиёту хушбахтӣ меорад.

Давлат, Миллат, Халқ, Роҳбари давлат — инҳо ҳаргиз наметавонанд бидуни ҳам бошанд, инҳо ҳама дар иттифоқу ҳамбастагӣ маънӣ доранд.

Дар дирӯз, дар имрӯз, дар фардо ҳамон  ба хатари  заволу нобудӣ мувоҷеҳ мегарданд, ки байни ҳамдигар иттифоқ нестанд.

Танҳо касе, ки давлату миллат, ватан ва халқи худро дӯст медорад, манфиати халқро аз манфиати худ боло мегузорад, метавонад барои халқ манфиат орад, на бадбахтӣ. Ман бо омӯзишу мушоҳидаҳои  зиёд, бо дидани амалҳои ҳамарӯза бо итминони комил гуфта метавонам, ки чунин шахс  Сарвари давлати мо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд.

Танҳо номбар кардани кору ибтикороти созандаву бунёдкорона,  фидокориву қаҳрамониҳои Президент Эмомалӣ Раҳмон як китоби бузурге мешавад.

Агар як милисае ба чашми қонун хок мепошад ва ба вазифаи содиқ  худ нест, порахор аст, мо бояд ба номаш гӯем, ки ӯ хато кард,  на ин ки гуноҳи ӯро ба роҳбарияти  давлат нисбат диҳем.

Агар духтуре ба касби худ хиёнат мекунад,  аз бемори  дар дами марг  пул талаб мекунад ва шахси  нодоррро  хиёнаткоронаву бераҳмона ба дасти марг месупорад, мо бояд аз рӯи виҷдон ӯро фош намоем, то  дарси ибрат гардад, ки дигарон ин иштибоҳро такрор накунанд.

Агар қаламкаши худхоҳе ҳамқалами худро ба чор тараф бадгӯӣ карду барои ӯ чоҳ шуд, дар сари роҳаш сангу шуду монеаи зиндагиву эҷодаш гардид, мо онро ҳам бояд ба номаш гӯем ва ҷурми ингунаҳоро ба давлат нисбат надиҳем.

Мо одат кардаем, ки тамоми камбудиҳоро ба давлату Роҳбари давлат нисбат медиҳем. Аммо чашм кушоед ва бинед, ки кадоми мо ба андозаи  Сарвари  давлат барои давлату халқ хидмати пур аз қаҳрамонӣ кардаем.

Кадом сарватманд бо ақлу ихтиёри худ ба нашр шудани як китоб кӯмак кард    ё ба  кӯдаки ятиме як пора нонро бо ихтиёри худ   дод?

Ҳол он ки  Сарвари  давлати мо ҳамеша парастори ятимон ҳастанд ва ба ҳар шаҳру ноҳияе, ки мераванд, пеш аз ҳама ҳоли ятимону бенавоён ва маъюбонро  хабар мегиранд ва эҳсон мекунанд.

Ҳоло Пешвои миллати мо миллион нусха китоби Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон»-ро барои худшиносии мо мусоидат ба нашр карда истодаанд, ки ин кори таърихиву судманд собиқа надорад.

Дар ҳоле, ки ҳастанд падароне, ки айшу нӯши худро аз оилаи худ боло мегузоранд ва кӯдакони худро дар нимароҳ мемонанду аз хӯрондану пӯшондани фарзандони худ даст мекашанд, Президенти мо, давлати мо садҳо нафар ятимонро бо ғамхории худ фаро гирифтаанд.

Дар ҳоле, ки мо барои фарзанди худ ба даҳ сомонӣ китоб хариданро зарари иқтисодӣ медонем, Президенти мо садҳо мактабро барои фарзандони мо сохтанду обод карданду таъмир намуданд. Мо барои фарзанди худ вақт надорем,  Роҳбари давлат ҳамеша дар ҷустуҷӯи истеъдодҳо,  дастгирии онҳо ва сохтани шахсиятҳо ҳастанд.

Садҳо санъаткор, даҳҳо шоиру нависанда, ҷавонони боистеъдод аз ғамхориву таваҷҷӯҳи роҳбари давлат бархурдоранд.

Мо бояд ин ҳамаро бинем, қадр кунем пайравӣ кунем. Ва чуноне Фирдавсии бузургвор дар «Шоҳнома»-и худ навиштааст:

Ҷаҳон бе сару тоҷи хусрав мабод,
Ҳамеша бимонад ҷовид шод.

***

Ҷаҳондор! Яздон паноҳи ту бод!,
Замин тахту гардун кулоҳи ту бод!

Дер зӣ, Қаҳрамони халқ, фарзанди содиқи миллат, Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

АМИТ «Ховар»

Tags: