Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рӯнамоии қисми 2 –юми китоби «Душанбе — қалби Тоҷикистон» доир гардид, ки дар он Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ва дигарон иштирок намуданд.
Китоби «Душанбе- қалби Тоҷикистон» ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, дар он дастовардҳои шаҳрдории пойтахт тайи солҳои соҳибистиқлолӣ инъикос гардидааст.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода иброз дошт, ки имрӯз Тоҷикистон ба ҷаҳониён тавассути сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ мешавад ва нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ сол то сол меафзояд.
«Соли гузашта қисми аввали китоби «Душанбе — қалби Тоҷикистон» рӯнамоӣ гардид. Дар он муваффақият ва дастовардҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо роҳбарии муҳтарам Рустами Эмомалӣ дарҷ гардида буд. Дар ҳақиқат, тайи чанд соли охир пойтахти мамлакатамон ба маркази чорабиниҳои сатҳи баланди фарҳангиву сиёсӣ ва иҷтимоӣ табдил ёфтааст. Бо шарофати сиёсати дурбинонаву хирадмандонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмонони зиёде ба шаҳри Душанбе ташриф меоранд. Инчунин дар ин замина оммавияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе фаъолияти бевоситаи муҳтарам Рустами Эмомалӣ хеле назаррас мебошад»,- афзуд Абдуҷаббор Раҳмонзода.
Дар ҷамъомад муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ иброз дошт, ки бо шарофати сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи Раиси ҷавони шаҳри Душанбе пойтахти ватани мо рӯз ба рӯз ободу зебо гардида, ба яке аз шаҳрҳои пешрафтаи минтақа ва ҷаҳон табдил ёфтааст.
«Дар зарфи 4-5 соли охир дар шаҳри Душанбе беш аз 250 майдончаҳои варзишӣ сохта ба истифода дода шуданд. Дар як мудати кӯтоҳ дар Душанбе 5 боғи нави фарҳангӣ-фароғатӣ мавриди истифоаи сокинону меҳмонон қарор дода шуд ва 6 боғи фарҳангӣ-фароғатии дигар пурра навсозӣ ва таъмир карда шуданд. Дар ин давра 23 муассисаи миёнаи умумии барои беш аз 16 ҳазор хонанагон мавриди истифода қарор гирифт. Барои шароити мусоид фароҳам оварани кӯдакон 10 муассисаҳои томактабӣ бо беш аз якҳазор ҷойҳои нишаст мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин давра дар шаҳри Душанбе роҳу пулҳо, аз ҷумла роҳи ду ва сесатҳа мавриди истифодаи сокинон ва меҳмонони пойтахт қарор гирифт»,- афзуд Мавсума Муинӣ.
Дар ҳамоиш ҳамчунин зикр шуд, ки китоби «Душанбе- қалби Тоҷикистон» бозгӯи иқдомоти созандаву бунёдкоронаи шаҳрдори имрӯза буда, ифодагари хидматҳои бесобиқаву арзандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мебошад, ки хонандаро бо бурду бохт ва дастовардҳои наҷибу созанда дар зарфи ду-соли охир ошно месозад. Дар китоб шахсиятҳои барӯманду маъруф андешаҳои худро бо меҳру муҳаббати беандоза нисбат ба ин падидаҳои навини пойтахт ба вуқӯъ пайваста, ба қалам додаанд.
Тавре таъкид гардид, бо ибтикори Раиси шаҳри Душанбе бунёди маҷмааву кохҳои меъморию фарҳангӣ, хиёбону кӯчаҳои васеи мумфарши бисёрқабата, корхонаҳои азими саноатӣ, муассисаҳои маърифатию илмӣ ва адабӣ Душанберо ба яке аз шаҳрҳои пуршукӯҳи ҷаҳони муосир табдил додаанд. Душанбе имрӯз шаҳри рушдкунанда буда, дорои 450 корхонаи саноатӣ мебошад, ки аксар соҳаҳои иқтисодиётро фаро мегиранд.
Дар китоб ҷараёни бунёд ва ифтитоҳи як силсила иншооти ҳаётан муҳими шаҳри Душанбе ва лаҳзаҳо аз рӯйдоду навидҳои пойтахт бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ рӯйи чоп омада, бо аксҳои зебо оро дода шудаанд.
Пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе дар китоб ҳамчун маркази бузурги маънавиёт, илму маърифат ва хизматрасонӣ, дорои шароити хуби инфрасохторӣ, биноҳои маъмуриву истиқоматии баландошёнаи бо санъати баланди меъморӣ бунёдгардида муаррифӣ шудааст.
Ёдовар мешавем, ки муаллифи китоб Мирзоамин Мирсаидзода буда, дар таҳияи он академикҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, Фарҳод Раҳимӣ ва номзади илмҳои таърих Мавсума Муинӣ саҳм гузоштаанд.
Рӯнамои қисми 2-юми китоби «Душанбе — қалби Тоҷикистон» 16 апрел дар остонаи таҷлили Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе сурат гирифта, он туҳфаи арзанда ба сокинону меҳмонони пойтахти мамлакат маҳсуб мешавад.
Холисаи АСОМИДДИН,
Мақсудҷон МУҲИДДИНҶОН,
АМИТ «Ховар»