1 декабр дар шаҳри Токио бо ташаббуси Маркази таҳқиқотӣ оид ба стратегияҳои нави тиҷории Донишгоҳи Тохоку Коеки Конфронси умумиҷаҳонӣ оид ба илмҳои иҷтимоӣ ва тиҷорат баргузор гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар» аз пойтахти Япония.
Дар конфронс зиёда аз 100 нафар донишмандони барҷаста, инчунин муҳаққиқону мутахассисони ҷавон аз кишварҳои гуногун ширкат намуданд.
Бо дастгирӣ ва кӯмаки яке аз ташаббускорони баргузории ин конфронс — донишманди тоҷик, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори Донишгохи Тохоку Коеки Мирзосаид Султонов олимони ҷавони Тоҷикистон аз донишгоҳҳои гуногуни Япония дар бахшҳои гуногуни конфронс фаъолона ширкат варзида, роҷеъ ба натиҷаҳои таҳқиқоти илмии худ бо иштирокчиёни конфронс мубоҳисаҳои муфиди илмӣ баргузор намуданд. Аз ҷумла Камолиддин Бозиев, Шералӣ Ғуломалиев Нилуфар Қамбарова аз Донишгохи Тсукуба ва Бахтовар Неьматов аз Донишгохи Йокохама оид ба масоили гуногуни иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва иҷтимоии Япония, Тоҷикистон ва ҷаҳон суханронӣ карда, бо донишу фаҳмиши худ ҳозиринро ба ваҷд оварданд.
Онҳо ҳамчунин бо донишмандони барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ дар бораи паҳлӯҳои гуногуни тадқиқотҳои илмии худ гуфтугӯ намуда, барои идомаи муваффақонаи корҳоли илмияшон маслиҳатҳои муфид гирифтанд.
Дар ҳошияи конфронс олимони ҷавон бо профессор Мирзосаид Султонов мулоқот намуда, оид ба фаъолияти илмии худ дар Япония суҳбат намуданд.
Хотиррасон мешавем, ки Мирзосаид Султонов, шаҳрванди 40-солаи Тоҷикистон аз устодони собиқадори тоҷик дар донишгоҳҳои Кишвари тулӯи офтоб мебошад. Ӯ соли 2013 унвони доктории худро дар бахши иқтисод аз Донишгоҳи Кобеи ин мамлакат ба даст оварда, то соли 2015 дар ҳамин донигшоҳ аз фанни иқтисод дарс медод.
Пажӯҳиши вай дар бораи таъсири пули муҳоҷирон барои иқтисодиёти Тоҷикистон таҳти назари донишмандони ҷопонӣ ва бо истифода аз услуб ва равишҳои пешрафтаи омориву иқтисодӣ сурат гирифта, холигоҳеро, ки дар ин замина дар илми иқтисод вуҷуд дошт, пур кардааст.
Моҳи апрели соли 2015 ба унвони донишёр( Associated Professor) дар Донишгоҳи Коеки дар шаҳри Саката пазируфта шуд ва моҳи апрели соли 2018 сазовори унвони профессори ин донишгоҳ шуда, ба мақоми мудири кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ таъйин гардид. Мирзосаид Султонов нахустин донишманди тоҷик аст, ки дар як мактаби олии Ҷопон ба чунин мақоми баланд расидааст.
ДАР АКС: донишманди тоҷик, профессори Донишгохи Тохоку Коекии Япония Мирзосаид Султонов (аз чап) бо шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар донишгоҳҳои Япония таҳсил мекунанд.
АМИТ «Ховар»