Духтарони ӯзбек дар як чорабинӣ хиҷобро аз сар бадар карданд

Дар чорабинии Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон дар вилояти Сурхондарё чанд нафар духтарон хиҷобҳояшонро аз сар кашиданд. Дар ин бора Радио «Азаттык» (бахши қирғизии Радиои «Озодӣ») бо истинод ба  маълумоти  ҳокими вилояти Сурхондарё Эркинҷон Турдимов, ки дар саҳифаи худ дар  «Facebook» нашр кардааст, хабар дод.
Дар ин иттилое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ гарму ҷӯшон муҳокима мешавад, таъкид мегардад, ки «духтарони ба равишҳои гуногуни динӣ таваҷҷуҳдошта аз баргузории фестивали ҷавонон илҳом гирифта, ҳиҷобро аз сар кашиданд ва дар ин чорабинӣ фаъолона иштирок намуданд».
Хабарнигори Радиои «Озодлик» (бахши ӯзбекии Радиои «Озодӣ») барои шарҳ додани ин қазия ба ҳокими ноҳияи Музробод Улуғбек Қосимов муроҷиат кардааст. Корманде, ки худро ҳамчун ёрдамчии ҳокими ноҳия муаррифӣ намудааст, ба хабарнигор гуфтааст, ки дар ҳақиқат дар маҳаллаи «Гулобод» аз ҷониби Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон фестивали ҷавонон таҳти шиори «Фидойинг бўлгаймиз сени, Ўзбекистон!» («Муҳаббат ва садоқати ман ба ту- Ӯзбекистон!») ташкил карда шуд ва духтароне, ки дар он иштирок доштанд, бо хоҳиши худ ҳиҷоб (рӯймоли мусулмонӣ)-ро аз сар бадар намуданд.
Бино ба гуфтаи корманди  ҳукумати ноҳия, ин духтарон «таҳти фишори волидонашон, ки ба ифротгароии динӣ майл доштанд, ҳиҷоб мепӯшиданд ва акнун ихтиёран қарор доданд, ки аз рӯймоли мусулмонӣ даст кашанд».
Ӯ афзуд, ки «ҳукумати ноҳия ба духтарон фармон надодааст, ки ҳиҷобҳоятонро кашед, онҳо ин корро бо ихтиёри худ карданд».

Tags: