Ҳайати доварон аз Тоҷикистон барои ҳакамии бозиҳои чемпионати Арабистони Саудӣ оид ба футбол даъват шуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар доираи ёддошти ҳусни тафоҳум байни федератсияҳои футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлати Арабистони Саудӣ ҳайати доварони Тоҷикистон бозиҳои чемпионати Арабистони Саудиро ҳакамӣ хоҳанд кард.
Доварони ФИФА Насрулло Кабиров (Норак) ва Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе), инчунин ёварони доварони ФИФА Акмал Буриев (Турсунзода) ва Хусрави Сиддиқзод (Душанбе), ки ба рӯйхати доварони баргузидаи Конфедератсияи футболи Осиё шомиланд, барои ҳакамии бозиҳои чемпионати Арабистони Саудӣ сафар мекунанд.
Ҳайати ҳакамони зикршуда бозиҳои дивизиони якуми ин кишварро ҳакамӣ мекунанд. Дар лигаи якуми Арабистони Саудӣ, ки 20 даста баромад мекунад, айни замон 16 давр баргузор шуда, ҷадвали мусобиқаро бо 43 имтиёз дастаи «Ал-Хазм» ишғол менамояд.
АМИТ «Ховар»