Таҷлили 19-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Конибодом

27 июни соли 1997 фарзанди фарзонаи халқ, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар фарзандони ватанпараст, меҳандӯсту сулҳхоҳи тоҷик баъд аз нофаҳмию даргириҳои таҳмилӣ дар натиҷаи музокироти сулҳ ба ин ихтилофот хотима гузошта, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистонро имзо карданд. Ин санади сарнавиштсоз Тоҷикистонро аз вартаи ҳалокат наҷот дода, ба миллати тоҷик руҳу илҳоми нав бахшида, дар иттиҳоду ягонагии мардуми кишварамон нақши бебаҳо гузошт. Инак аз он санаи тақдирсоз 19 сол сипарӣ гардид. Ҳамасола тамоми мардуми сарзаминамон ин рӯзро ботантана таҷлил менамоянд.
19-умин солгарди Ваҳдати миллиро сокинони шаҳри Конибодом низ бо руҳу илҳоми тоза, дар фазои сулҳу субот, дӯстию ҳамдилӣ ва шукргузорӣ аз замони осоишта таҷлил намуданд.
Бахшида ба ин ид тайи чанд рӯз силсилаи вохӯриҳо баргузор гардида,  дар Театри давлатии драмавӣ-мусиқии ба номи Туҳфа Фозилова намоишномаи  ҷолибу таъсирбахш бо номи «Модар-Ватан» ба намоиш гузошта шуд. Аз намоиш раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ ва намояндагони Сафоратхонаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон дидан карда, ба он баҳои баланд доданд.
Сипас дар дохили боғи фарҳанг ва истироҳатии шаҳр намоиши корҳои эҷодии хонандагони мактаби рассомии бачагонаи бахши фарҳанги шаҳр доир гардид.
Дар маркази шаҳр чорабинии идона баргузор гардид. Шаҳрдор кулли сокинонро ба ифтихори Рӯзи баимзорасии Созишномаи сулҳи тоҷикон табрик намуда, зикр кард, ки ин рӯйдоди нодири таърихӣ ҳамчун рамзи пирӯзиву хушбахтӣ ба халқамон неруи тоза бахшида, ҳамзамон таҳкурсии боэътимоди бунёдкориву созандагӣ дар Ватани маҳбубамон маҳсуб мешавад.
Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Мансур Муҳиддинзода табрикоти раиси вилоят Абдураҳмон Қодириро ба самъи сокинон расонида, онҳоро бо 19-солагии Иди Ваҳдати миллӣ шодбош гуфта, сиҳатмандиву хушрӯзиҳо таманно кард.
Гуфта шуд, ки қадру манзалат ва аҳамияти ин падидаи муҳими таърихӣ, хусусан дар марҳилаи имрӯзаи ҷаҳонишавӣ, вусъати таҳдиди хатарҳои нав, ифротгароиву терроризм ва амсоли онҳо боз ҳам афзуда, моро водор месозад, ки сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллиамонро беш аз ҳарвақта ҳифз намоем ва барои ободиву сарсабзии диёр даҳчанд саъю талош намоем.
Аз ҷониби санъаткорону ҳунармандони шаҳр барномаи махсуси  театрӣ рақсу оҳангҳои идона пешкаш гардиданд. Сурудҳо дар васфи ваҳдату ҳамдилӣ, шукрона аз тинҷиву осудагӣ ва сулҳу истиқлол анҷомбахши чорабиниҳои идона гардиданд.
Ҳамчунин бахшида дар ин рӯз собиқадорон, ятимону барҷомондагон ва оилаҳои ниёзманд аёдат карда шуда, ба онҳо кумакҳои моддӣ расонида шуданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: