Тавре ҳаводорони варзиш огоҳ ҳастанд, 23 марти ба ифтихори Иди байналмилалии Наврӯз дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ барои дарёфти ҷоми «Пойтахт-2017» баргузор гардид, ки дар он 8 даста иштирок вақувваозмоӣ карданд.
Баъди қуввасанҷии ниҳоӣ дар вазни 80+ кг миёни паҳлавон Саидҷалол Саидов ва Комроншоҳи Устопириён аз ҷониби мағлуб Комроншоҳи Устопириён рафтори номақбул зоҳир гардид. Аниқтараш, Комроншоҳи Устопириён мағлубияти хешро қабул надошта, ба дашному ҳақорат роҳ дод.
Бинобар сабаби пахши мустаҳқими ин чорабинии сатҳи баланд тавассути шабакаи телевизионии “Варзиш” ин амали Комроншоҳи Устопириён аз назари мухлисону ҳаводорони варзиш ва тамошбинон дур намонд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ Комроншоҳ иддао кард, ки баҳогузории доварон ноадолатона анҷом пазируфт ва муносибати мухлисон ӯро ба хашм овард.
Ҷиҳати таҳлилу санҷиши воқеъбинонаи ҳолати мазкур Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оҷилан таҳти роҳбарии муовини раиси Кумита Дилшод Назаров гуруҳи махсуси корӣ таъсис дод.
Доир ба қазияи мазкур рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон бо роҳбари гурӯҳи корӣ, муовини Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Назаров мусоҳиба анҷом додааст, ки ҳоло онро бо каме ихтисор пешниҳоди хонандагон мегардонем.
- Гурӯҳи корӣ кай ба кори худ шуруъ намуд?
- Дар асоси дастури раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ зери роҳбарии ман доир ба омӯзиш ва таҳлили ҳамаҷонибаи ҷараёни ташкил ва баргузории мусобиқаи ҷумҳуриявї оид ба гуштини миллӣ барои дарёфти ҷоми «Пойтахт-2017» ва рафтори берун аз одоби варзишгар Комроншоњ Устопириён субҳи 27 март гуруҳи кории босалоҳият таъсис дода шуд.
Мо кўшиш намудем, ки ба кори гуруҳ роҳбарияти федератсияҳои гуштин, мутахассисони соҳибтаҷриба ва беғаразро шомил намоем. Хамзамон, бо мақсади шаффоф баргузор шудани таҳлили мазкур зарур шуморида шуд, ки дар тамоми раванди кори он худи варзишгар Комроншоҳи Устопириён ва муррабии ӯ ҷалб карда шаванд. Ва тайи муҳлати сипаригашта аъзоёни комиссия ҳамаи паҳлуҳои ин қазъияро таҳлил карда, хулосаи амиқ бароварданд.
Устопириён
-Ҳамчун мутахасиси соҳа ва варзишгари касбиву шоҳиди воқеа ба кори доварон чӣ гуна баҳо медиҳед?
– Доварӣ бисёр кори нозук ва душвор аст. Дар мусобиқаҳои байналмилалӣ низ дида мешавад, ки доварон иштибоҳ мекунанд, чун онҳо низ инсонанд ва таҳти фишори баланди руҳию равонӣ қарор доранд. Қобили зикр аст, ки то имрӯз аз болои ҳаракатҳои ноодилонаи доварон ба федератсия ва Кумита ягон шикояти расмӣ ворид нашудааст. Вале бо вуҷуди ин, ба хотири пурра ва ҳамаҷониба муайян кардани масъалаи мазкур ва таҳлили кори доварон, сабтҳои навори видеои сабқати мазкур дархост карда шуда, дар доираи гуруҳи корӣ ҳамаҷониба ва дар ҳузури варзишгар Комроншоҳ Устопириён сония ба сония таҳлил карда шуд. Натиҷаи таҳлил ва мавқеи тамоми аъзои гуруҳи корӣ, махсусан варзишгар Комроншоҳ Устопириён бар он назар аст, ки зимни сабқати даври финалии мусобиқоти гўштини миллӣ ҳайати доварон ба хатогӣ роҳ надодаанд ва Саидҷалол Саидов барҳақ ғолиб дониста шудааст.
- Амали анҷомдоди Комроншоҳи Устопириён – дашном додани мухлисони гуштини миллиро чи гуна шарҳ медиҳед?
- Варзишгари асилу касбӣ бо қувваи бозӯ ва фарҳанги волои муносибату муошират шинохта мешавад. Дар ҳама ҳолат бояд варзишгар рафтору кирдори хешро идора карда тавонад, чунки ба ӯ ҳазорон мухлисон назар доранд ва умед бар онанд, ки аз кувваозмоию ҷавонмардии паҳлавон руҳашон болида мегардад, на таъбашон хира.
Дар баробари ин, варзишгари номӣ бояд доиман эҳсос намояд, ки ӯ таҷассумгари симои миллат аст. Дар арсаи байналмилилалӣ ӯро на ҳамчун шахси алоҳида, балки ҳамчун намояндаи давлату миллат эътироф менамоянд. Ин масъулияти баландро ҷаҳонпаҳлавонон ба дӯш гирифта, бо рафтору кирдор ва гуфтори худ бояд намунаи ибрат ва ифтихори миллат бошанд.
Вақте, ки варзишгар маъруф мешавад, ҳар як ҳаракату сухан ва рафтори ӯ барои гуруҳи муайяни ҷавонону наврасон намунаи ибрат пазируфта мешавад. Ин дар баробари обрӯ ва эътибор масъулияти хело гарон аст, ки ҳамеша онро бояд гиромӣ дошт. Қиммати одоби варзишгар аз қиммати медали тиллои олимпӣ низ баландтар аст.
Худ шоҳид будем, ки зимни қувваозмоии Нурулло Неъматов ва Комроншоҳи Устопириён низ мухлисон сӯи Нурулло садо баланд карданд. Ин хоси мухлис аст, ки ба ваҷд омада, ҳиссиёти худро берун меоварад. Лекин Нурулло Неъматов маърифати баланди инсонии худро нишон дода, мағлубияташро қабул карду эҳтироми рақиб ва мухлисону ҳаводорони варзишро ба ҷо овард. Нурулло Неъматов касеро дашном надод ва ин аст ҷавонмардии паҳлавони асил.
Комроншоҳи Устопириён ҷавон аст, ҳар кас хато мекунад ва муҳим он аст, ки ў имрӯз хатои худро фаҳмид ва расман аз тамоми мардум узр хост. Албатта мо маҷбурем, ки дар доираи сиёсати давлатии ҷавонон ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳодисаҳои ҳамшабеҳ қарори дахлдор қабул намоем, вале тибқи дастури роҳбарияти Кумита мо минбаъд низ баҳри ташаккули малакаҳои варзишии Комроншоҳ ва иштирокаш дар мусобиқаҳои байналмилалӣ дар доираи имкониятҳои мавҷуда мусоидат хоҳем кард.
- Агар ҳамин гуна ҳолат дар мусобиқаҳои байналмилалӣ рух диҳад бо варзишгар чӣ гуна муносибат мекунанд?
- Пеш аз ҳама варзишгар аз мусобиқа хориҷ мешавад ва мураббии варзишгар танбеҳ мегирад. Метавонанд варзишгарро ба муддати тулонӣ аз иштирок дар мусобиқаҳо дур кунанд.
- Қарори қабулкардаи гурӯҳи корӣ нисбати Комроншоҳ Устопириён чӣ буд ва ӯ қарорро чи гуна қабул намуд?
- Дар натиҷаи таҳлилҳои ҳамаҷониба гуруҳи корӣ қарор кард, ки Комроншоҳи Устопириёнро аз санаи 1 апрели соли 2017 то 1 апрели соли 2019 аз иштирок дар мусобиқаҳои маҳаллӣ, минтақавӣ ва сатҳи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ маҳрум намояд.
Илова бар ин, бояд қайд кард, ки Комроншоҳ Устопириён айни замон вазифаи директори Муассисаи давлатии “Мактаби варзишии ба номи Ланглиф” –и ноҳияи Ҷаббор Расуловро ба зимма дорад. Зимнан гуруҳи кории алоҳида фаъолияти ин мактабро низ мавриди санҷиш қарор дода, як қатор камбудӣ ва мушкилоти ҷиддиро ошкор намуданд, ки аз натиҷа ба унвони роҳбарияти вилояти Суғд мактуби дахлдор барои қабули қарори қонунӣ ирсол карда мешавад.
Илова бар ин, бо қарори гуруҳи корӣ ба Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи миллии олимпӣ ва федератсияҳои дахлдор тавсия дода шудааст, ки таҷрибаи маблағгузорӣ кардани иштироки варзишгаронро дар мусобиқаҳои байналмилалӣ таҷдиди назар намуда, аз рўи як намуди варзиш гуруҳи варзишгарони умедбахшро тарбия ва сарпарастӣ намояд.
Ҳамзамон, ба тамоми мактабҳои варзишӣ ва федератсияҳои варзишӣ супориш дода шудааст, ки баҳри баланд бардоштани одоби варзишгарон ва касбияти доварон миёни дастрпарварони худ чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, аз натиҷа ба Кумита ахбори хаттӣ пешниҳод намоянд.
Дар асоси дастури роҳбарияти Кумита мо, масъулини соҳа вазифадор гардидаем, ки дар давоми 1 моҳ Қоидаҳои одоби варзишгарро таҳия карда, барои тасдиқ ба Ҳайати мушовараи Кумита пешниҳод намоем.
Комроншоҳ Устопириён аз кардаи худ дар асл пушаймон аст ва расман худаш низ узр пурсидааст. Ӯ қарори гуруҳи кориро бо тамкин қабул намуд. Ин варзишгари маъруф ҳоло ҷавон аст ва ҳолатҳои мазкурро ба инобат гирифта, гуруҳи корӣ қарор кард, ки иштироки Комроншоҳ аз мусобиқаҳои сатҳи байналмилалии намуди гуштини дзюдо қатъ карда нашавад.
Дар ин замина Кумита тасмим гирифтааст, ки минбаъд низ барои пешбурди фаъолияти варзишии Комроншоҳ дар доираи имкониятҳои мавҷуда шароит фароҳам меоварад. Вале, дар баробари ў дигар варзишгарони умедбахш, ки алаккай ҳамчун истеъдодҳои нав худро муаррифӣ намудаанд, аз намуди дзюдо мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Қобили зикр аст, ки дар доираи сиёсати варзишпарваронаи Пешвои муаззами миллат, тўли чанд соли охир роҳбарияти вилояти Суғд низ ба варзишгарон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар баробари дигарон Комроншоҳ Устопириёнро низ дар ҷодаи иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ дастгирӣ намудааст. Дар иртибот мо ҷиҳати идомаи чунин иқдомҳои наҷиб ба роҳбарияти вилояти Суғд дархост ба амал меорем.
Мо умед дорем, ки варзишгарони мо аз чунин ҳолатҳои мавҷуда сабақ мегиранд ва дар оянда мухлисонро бо ҳунару маърифат ва сирати инсонӣ шод мегардонад.
Бахтовар КАРИМОВ,
«Ҷавонони Тоҷикистон»
АМИТ «Ховар»