9 ёдгории таърихии Тоҷикистон ба Феҳристи асосии мероси фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО ворид шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошариф Абдусаломов, ки дар ҷаласаи 45-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси моддии фарҳангии ЮНЕСКО дар шаҳри Ар-Риёзи Арабистони Саудӣ иштирок дорад, иттилоъ дод.
Ин ёдгориҳо Панҷакенти қадим, шаҳраки Санҷаршоҳ, Тали Хамтуда, низоми обёрикунии Тоқсанкорез, Оромгоҳи Хоҷа Муҳаммад Башоро, Гардани Ҳисор, Қалъаи Муғ, Қалъаи Кум ва Қалъаи Ҳисорак мебошанд, ки ба номинатсияи фаромиллии «Шоҳроҳи Бузурги Абрешим: долони Зарафшон-Қароқум» шомил мебошанд.
Ба номинатсияи фаромиллии ««Шоҳроҳи Бузурги Абрешим: долони Зарафшон-Қароқум» давлатҳои Узбекистон ва Туркманистон низ шомил буда, дар маҷмуъ 31 ёдгориро дар бар мегирад.
Дар омоданамоӣ ва пешбарии ин номинатсияи фаромиллӣ коршиносон ва мутахассисони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони ҳамкор аз Институти байналмиллалии тадқиқотии Осиёи Марказӣ ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва саҳми калидӣ гузоштаанд.
Ин яке аз дастовардҳои беназири соҳа дар даврони истиқлолияти Тоҷикистон ба шумор рафта, бори дигар аз он гувоҳӣ медиҳад, ки мамлакати мо таърих ва тамаддуни қадимаи ғанӣ дошта, он рӯз аз рӯз аз ҷониби ҷомеаи мутамаддини башарӣ эътироф мегардад.
Ёдовар мешавем, ки пеш аз ин соли 2010 бо ташаббусҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дахлдори соҳавӣ шаҳри бостонии Саразм ба Феҳристи асосии мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ҳамчун объекти таърихӣ–фарҳангӣ ворид шуда буд.
Шаҳри қадимаи Саразм мансуб ба аҳди биринҷӣ буда, яке аз намунаҳои олии шаҳрсозӣ ва шаҳрдории тоҷикон ба шумор меравад. Ин гуфтаҳо далели он ҳастанд, ки тоҷикон аз зумраи аввалин қавму миллатҳое мебошанд, ки санъати шаҳрсозиву шаҳрдориро ба вуҷуд овардаанд. Он ҳудуди 100 гектарро дар бар мегирад. Аввалин бозёфти Саразм табари биринҷӣ мебошад, ки онро сокини маҳаллӣ Ашурбой Тайлонов ба таври тасодуфӣ пайдо намудааст. Ин бозёфти ҷолиб, яъне табари биринҷӣ бостоншиносонро водор намуд, ки дар ин мавзеъ корҳои ҳафриётиро мунтазам ба роҳ монанд. Дар натиҷаи ин ҳафриёт ва ковишҳои археологӣ, ки то имрӯз идома доранд, аз ин шаҳраки бостонӣ бозёфтҳои наву ҷолиб ба даст омаданд, ки оид ба ҳаёти иқтисодӣ ва мадании ниёгони тоҷик дар ҳазораи IV ва II то милод маълумоти саҳеҳ медиҳанд.
Ҳамзамон соли 2013 ёдгории табиию фарҳангии Парки миллии Тоҷикистон ба феҳристи ҷаҳонӣ сабт шуда буд.
Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти дастовард ва сармояҳои бузурги фарҳангӣ ва таърихӣ ба марҳилаи нави рушд ворид гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби созмонҳову ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибфарҳангу соҳибтамаддун ва соҳиби таърихи зиёда аз 5500–сола эътироф гардид. То ин муддат намунаи олии мероси фарҳангиву таърихии моддию ғайримоддии тоҷикон, аз ҷумла «Чакан», «Оши палов», «Шашмақом», «Рубоб», «Наврӯз», «Фалак», ҷойҳои таърихӣ «Саразм» ва ғайра ба Феҳристи мероси ҷаҳонӣ ворид шудаанд.
Дар ҷаласаи мазкур намояндагони зиёда аз 100 давлати ҷаҳон, ки аъзои ЮНЕСКО мебошанд, иштирок доранд.