Бозиҳои даври шашуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон дар варзишгоҳҳои мамлакат хеле ҷолиб баргузор шуданд. Муддаиёни медалҳои тилло-дастаҳои футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар, «Зебо»-и ноҳияи Дӯстӣ ва «Зебонисо»-и шаҳри Душанбе дар ин давр низ бо ҳисоби калон ғалаба карданд. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар ба дарвозаи дастаи «Чашма»-и ноҳияи Шаҳритус 12 голи беҷавоб зад. Лайло Ҳалимова 6 гол, Сайрамҷон Холназарова, Шукрона Азимзода дуголӣ, Қурбонгул Қурбонова ва Нишона Саидова якголӣ ба ҳадаф расониданд Дастаи футболи «Зебонисо»-и шаҳри Душанбе ба дарвозаи дастаи «Барқ»-и шаҳри Норак 13 голи беҷавоб зад. Мадина Фозилова 6 гол, Шукронаи Ҷумахон 5 гол, Некубахт Худодова ва Амина Собирова якголӣ ба ҳадаф расониданд.
Бозӣ миёни дастаҳои футболи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор ва «Зебо»-и ноҳияи Дӯстӣ бо ҳисоби 1:8 анҷом ёфт. Голҳоро дар ҳайати дастаи ғолиб Манзура Ҳазратқулова (2 гол), Мавҷуда Сафарова (2 гол), Меҳрангез Шарифова (2 гол), Саҳина Саидова ва Зуҳро Бобомуродова ба нишон расониданд. Як голи дастаи «Ҳосилот»-ро Шаҳзода Хидирова ба нишон расонид.
Дар бозиҳои дигар дастаҳои футболи «Бешкент»-и ноҳияи Носири Хусрав бар дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо ҳисоби 6:0 пирӯз шуд. Ҳамаи голҳоро Рафина Нормуродова ба нишон расонид. «Панҷшер»-и Ҷалолиддин Балхӣ аз «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби 0:13 шикаст хӯрд. Зулайхо Сафарова 5 гол, Ҷонона Ҳалимова ва Наргиза Бобоева чорголӣ ба нишон расониданд.
Бозиҳои даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон 26 июл дар варзишгоҳҳои мамлакат сурат мегиранд. Дар ин даври мазкур дастаҳои футболи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо «Хатлон»-и шаҳри Бохтар, «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо «Панҷшер»-и Ҷалолиддин Балхӣ, «Барқ»-и шаҳри Норак бо «Бешкент»-и Носири Хусрав, «Зебо»-и Дӯстӣ бо «Зебонисо»-и шаҳри Душанбе, «Чашма»-и Шаҳритус бо «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор байни ҳам рақобат мекунанд.
АМИТ «Ховар»