Шоми дирӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо ҳузури 20 ҳазор нафар тамошобинон дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар аввалин бозиаш дар марҳилаи дуюми интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 бар дастаи мунтахаби Қирғизистон бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад. Мавзӯъро шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон шарҳ медиҳад.
Бозӣ бо ҳуҷумҳои меҳмонон шурӯъ шуд ва онҳо муддати 15 дақиқа бартарӣ доштанд. Баъдан ташаббусро мизбонон ба даст гирифтанд. Манучеҳр Ҷалилов имкони хуби голзаниро истифода карда натавонист ва тӯбро аз назди дарвозаи рақиб ба ҳадаф нарасонд.
Дар нимаи аввали дидор футболбозони қирғиз низ лаҳзаҳои мувофиқи голзаниро аз даст доданд. Тӯби аз ҷаримагоҳ задаи бозингари онҳо ба сутуни дарвоза бархӯрд.
Дар дақиқаи 42-юми бозӣ ба нимҳимоятгар Алишер Ҷалилов, ки бори аввал дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба майдон омад, муяссар шуд, ки тӯбро аз ҷаримагоҳ ба дарвозаи меҳмонон ворид намояд. Дар нимаи дуюми дидор ҳисоб тағйир наёфт. Голи ягона ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон пирӯзӣ ва се имтиёз овард.
Дар бозии аввалини гурӯҳи «F» дастаи мунтахаби Муғулистон дар майдони худ бар дастаи мунтахаби Мянмар бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад.
Ба ин тартиб, дар ин гурӯҳ дастаҳои Муғулистону Тоҷикистон бо сеимтиёзӣ пешсафанд.
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозии дуюмашро 10 сентябр дар меҳмонӣ бо дастаи мунтахаби Муғулистон анҷом медиҳад. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи дуюми интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» бо дастаҳои миллии Япония, Қирғизистон, Мянмар ва Муғулистон рақобат мекунад.
АМИТ «Ховар»