Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бар дастаи Баҳрайн ғалаба кард

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё дар шаҳри Манама-пойтахти Баҳрайн бар дастаи мунтахаби футзали ин кишвар бо натиҷаи 3:2 ғалаба кард. Тавре сомонаи расмии ФФТ хабар медиҳад, тӯбҳоро дар ин бозӣ Рустам Ҳамидов, Собир Гулаков ва Баҳодур Хоҷаев ба нишон расониданд. Ин вохӯрии дуввуми дастаҳо буда, як рӯз пеш футбзалистони тоҷик  бо ҳамин натиҷа дар бозии аввал низ ғолиб омада буданд. 

Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё дар гурӯҳи “А” якҷоя бо дастаҳои мунтахаби Непал (23 октябр), Афғонистон (24 октябр) ва Ӯзбекистон (25 октябр) барои ду роҳхат ба Чемпионати Осиё мубориза мебарад. Бозиҳои интихобӣ дар шаҳри Урумияи Ҷумҳурии Исломии Эрон доир хоҳанд шуд.

Сармураббии нави дастаи мунтахаби Тоҷикистон Деян Дедовичи серб дар бозиҳои таҷрибавӣ бозингарони зеринро имтиҳон кард:

Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов, Муродулло Алиқулов (ҳарду аз «Соро компания»);

Бозингарон: Дилшод Саломов, Шавкат Ҳалимов, Парвиз Раҳматов, Иқбол Воситзода, Баҳодур Хоҷаев (ҳама аз «Сипар»), Раҳмоналӣ Шарифов, Муҳаммадҷон Шарифов, Файзалӣ Сардоров, Умед Қузиев, Собирҷон Гулаков (ҳама аз «Соро компания»), Қувватбек Равшанбеков («Помир»), Рустам Ҳамидов («Сан Сити», Қирғизистон).

АМИТ «Ховар»

Tags: