ДАРАХТ БИНШОН! Филиали суғдии Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар 120 гектар боғоти нав бунёд кардааст

Боғу токпарварӣ аз бахшҳои афзалиятноки соҳаи кишоварзӣ маҳсуб ёфта, он дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва инчунин содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар нақши муҳим мебозад. Аз ин лиҳоз, ҳамасола дар қаламрави мамлакат садҳо гектар токзору боғҳои нав бунёд ва боғҳои кӯҳна барқарор мегарданд.

Имрӯзҳо дар қаламрави мамлакат вобаста ба дастуру супоришҳои Сарвари давлат оид ба иҷрои “Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020” ва вусъат бахшидан ба корҳои ниҳолшинонӣ вобаста аз ноҳияҳои иқлимашон мусоид корҳои ниҳолшинонӣ бомаром идома доранд. Ҳамзамон дар ҷумҳурӣ баҳри зиёд намудани ҳосилнокӣ, намудҳои гуногуни дарахтону токзори серҳосил ва баланд бардоштани самаранокӣ аз ҷониби олимони соҳа таҳқиқоти илмӣ гузаронида мешаванд.

Аз ҷумла, яке аз чунин иттиҳодияҳое, ки дар кишвар дар самти парваришу нашъунамо ва бунёди боғу токзори наву серҳосил фаъолияти пурсамар дорад, ин филиали суғдии Институти боғпарварию  сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон (АИКТ) мебошад.

Дар мавриди фаъолият ва нишондиҳандаҳои ба дастовардаи ин филиал мутахассиси пешбари он Мавлуда Эргашева ба хабарнигори АМИТ «Ховар» баён дошт, ки филиали суғдии Институти боғпарварию сабзавоткории АИКТ (собиқ Институти минтақавии илмӣ-таҳқиқотии боғдорӣ ва ангурпарварии ба номи И.Мичурин ва Иттиҳодияи илмӣ-истеҳсолии «Боғпарвар») яке аз бонуфузтарин ташкилоти илмии ҷумҳуриявӣ ба ҳисоб рафта, он таърихи фаъолияти қариб 90-сола дорад.

Давоми ин солҳо аз ҷониби мутахассисону олимони ин муассиса  барои бунёди боғу токзор, аз худ намудани заминҳои барои пахтакорӣ мутобиқ набуда, ташкили боғҳои коллексионӣ ва парвариши навъҳои гуногуни дарахтони мевадиҳандаву сабзавот корҳои зиёде ба анҷом расонида шудаанд.

Тавре номбурда иброз дошт, яке аз вазифаҳои асосии филиал- ин парвариши намудҳои наву гуногуни ниҳолу сабзавоти баландсифату серҳосил ва ба ҳашароту касалиҳои зараррасон тобовар, инчунин таҳия ва мукаммал гардонидани технологияи парвариши ниҳол ва дарахтони мевагӣ, тухмипарварии зароати сабзавотӣ, зиёд намудани тагпайвандҳои қадпаст ва дар истеҳсолот ҷорӣ намудани дастовардҳои илмӣ ва таҷрибаи пешқадам ба ҳисоб рафта, то имрӯз дар ин самт корҳои муайян ба иҷро расонида шудаанд.

Аз ҷумла, дар боғи интенсивие, ки соли 2010 дар майдони 1 га ташкил карда шудааст, имрӯзҳо омӯзиши 8 навъи зардолу дар 12 номгӯй тагпайвандҳои клонӣ гузаронида шуда истодааст. Дар ин таҷриба асосан қувваи сабзиши навъҳои омӯхташаванда дар тагпайвандҳои гуногун ва ҳосилнокии он ба мушоҳида гирифта мешавад. Дар натиҷаи омӯзиш комбинатсияҳои навъи тагпайвандии беҳтарин барои ташкили боғҳои интенсивӣ муайян карда шуда, пасон барои истеҳсолот тавсия дода мешаванд.

Инчунин дар боғи интенсивие, ки бо масоҳати 1,1 га соли 2015 бунёд карда шудааст, омӯзиши буришу шаклдиҳии дарахтони зардолу дар тагпайванди вегетативии Пумиселект ба роҳ монда шудааст. Мақсад аз ин омӯзиш муайян намудани шакли беҳтарин ва самаранокии дарахтони зардолу дар тагпайвандҳои клонӣ мебошад.

Ба гуфти Мавлуда Эргашева, ҳоло дар филиал 4 шуъба, 2 бахш ва 1 озмоишгоҳ амал намуда, дар он 22 нафар ходимони илмӣ фаъолияти пурсамар доранд. То имрӯз олимони филиал ба якчанд натиҷаву  дастовардҳо ноил  гардидаанд.

Аз ҷумла, баҳри заминагузорӣ барои бунёди боғҳои интенсивӣ дар ниҳолхонаи филиал ба миқдори зиёда аз 10 ҳазор дона қаламчаҳои тагпайванди вегетативӣ баргпайванд ва ба миқдори 7800 дона ниҳолҳои қадпасти навъҳои зардолу, ба монанди Исфарак, Нишонӣ, Шалах ва 7 навъи олу парвариш доранд. Инчунин бо мақсади ҷавонкунии  коллексияи ангури филиал зиёда аз 1600  бех буттаи ҷавони ангур тайёр  карда шудааст, ки  зиёда аз 70 навъро ташкил  медиҳанд. Ҳамзамон дар пойгоҳи Сомғори филиали ноҳияи Б.Fафуров дар масоҳати 0,2 га боғи интенсивии зардолу низ бунёд карда шудааст.

Вобаста ба самти татбиқ намудани натиҷаи корҳои илмию таҳқиқотӣ дар  истеҳсолот мавсуф илова намуд, ки дар ин самт аз ҷониби олимони филиал низ якчанд корҳо ба анҷом расонида шудаанд. Аз ҷумла, истифодаи шаклдиҳӣ ва буриши боғҳои ҷавон ва ҳосилдеҳи зардолу, олу ва шафтолу дар майдони 40 га дар шаҳраки Сайҳун ва  дар майдони 2 га дар Сайҳун-2, расонидани ёрии амалӣ оид ба буриши  боғҳои  ҳосилдеҳи  зардолу дар пойгоҳи  Исфара дар  майдони  20 га ва ҷорӣ намудани навъи пиёзи анзури Суғдиён ҳамчун растании  сабзавотӣ дар майдони 0,06 га.

Инчунин дар ҶС ба номи Ӯрунхоҷаев истифода аз ниҳолҳои вегетативии қадпасти зардолуи навъҳои Мирсанҷалӣ ва Нишонӣ дар масоҳати 1 га боғи интенсивӣ бо объёрии қатрагӣ, дар ноҳияи Ҷ.Расулов дар масоҳати 8 га токзори интенсивии тарзи «Дукитфаи горизонталӣ» ва дар хоҷагиҳои ноҳияҳои Б.Fафуров, Конибодом ва Ашт бо истифода аз навъҳои ояндадор ва ноҳиябандишудаи Хуҷандӣ, Аҳмадӣ, Ленинободӣ ва Нишонӣ дар майдони 120 га боғҳои ҷавон бунёд карда шудаанд.

Имрӯзҳо кормандони филиал новобаста аз дастоварду пешравиҳои корҳои илмиву истеҳсолӣ бо бардошт аз Паёми навбатии Сарвари давлат дар самти боз ҳам хубтару натиҷарас гардонидани корҳои илмию таҳқиқотӣ, инчунин пешниҳоди навъҳои нави ояндадори меваю ангур барои ноҳиябандӣ, ба вуҷуд овардани ниҳолҳои қадпаст барои бунёди боғҳои интенсивии  навҳои гуногуни зардолу саъю кӯшиш доранд.

Ҳамзамон тибқи иттилои оморӣ, соли 2018 дар вилояти Суғд бо заҳмати шабонарӯзии боғпарварон 135,1 ҳазор тонна мевагиҳо ва 61,2 ҳазор тонна ангур истеҳсол гардидааст, ки мутаносибан 15,4 ҳазор тонна ва 6,3 ҳазор тонна зиёд мебошад. Дар маҷмӯъ, соли 2018 дар вилоят 794 гектар боғу токзори нав бунёд гардида, ин нишондод нисбат ба нақшаи пешбинишуда 3,1 баробар зиёд мебошад. Аз ин миқдор 736 гектарашро майдони боғоти нав ва 58 гектарро токзори нав ташкил медиҳанд.

Абдуаҳад ШАРИФЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Tags: