Дар Женева ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон оид ба об ва тағйирёбии иқлим муаррифӣ шуданд

Дар «Саммити ҳамкории самаранок барои рушд 2022» дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария аз ҷониби роҳбарияти ҳайати Тоҷикистон дар бораи ташаббусҳои байналмилалии кишвар, аз ҷумла Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор 2018-2028”, эълони соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, татбиқи босамари Ҳадафҳои Рушди Устувор, муаррифии Стратегияи «иқтисоди сабз» барои давраи то соли 2037, инчунин тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бартараф намудани хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ ва буҳронҳои ҷаҳонӣ маълумот ироа гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Саммити мазкур, ки аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария якҷо бо Созмони Милали Муттаҳид ташкил гардидааст, аз 12 то 14 декабр идома меёбад.

Дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои мамлакат Абдураҳмон Абдураҳмонзода ширкат дорад.

А. Абдураҳмонзода роҷеъ ба аҳамияти маблағгузории соҳаҳои афзалиятнок дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ сухан гуфта, аз шарикони рушд ва созмонҳои байналмилалӣ барои ҳамкорӣ дар ин раванд даъват ба амал овард.

Дар ҳошияи саммит ҷаласаҳои алоҳида дар бахшҳои муҳити зист ва тағйирёбии иқлим, рушди “иқтисоди сабз”, тандурустӣ, маориф ва илм, таъмини амнияти озуқаворӣ, барқарорсозии иқтисодиёти ҷаҳонӣ пас аз COVID-19, баробарии гендерӣ, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дастгирии бахши хусусӣ дар шакли ҳузурӣ ва маҷозӣ баргузор гардиданд.

Аз рӯи натиҷаҳои ҳамоиш Эъломияи «Саммити ҳамкории самаранок барои рушд 2022» қабул мегардад.

АМИТ «Ховар»

Tags: