Дар вилояти Суғд нафарони дар ақибгоҳи ҶДҶ хизматнамуда аёдат шуданд

6 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода нафарони  дар ҷабҳаи ақибгоҳи Ҷанги дуюми ҷаҳон хизматнамударо аёдат карданд.

Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, зимни аёдат ба Ҳомид Ҷўраев, Воҳид Ҷўраев, Маҷид Ширинов ва Марҳамат Бобоҷонова  кумакпулии якдафъаинаи Раиси вилояти Суғд ба маблағи 2000 сомонӣ, кумакпулии раиси шаҳри Хуҷанд ба маблағи 1500 сомонӣ  ва маводи мавриди ниёзи аввалу туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.

Раҷаббой Аҳмадзода нафарони дар  ақибгоҳи ҶДҶ хизматнамударо бо 76-умин солгарди Рӯзи Ғалаба табрик  намуд.

Зикр шуд, ки омӯхтани таҷрибаи зиндагӣ ва корномаву фаъолияти собиқадорони ҷангу меҳнат ва истифодаи маслиҳату рӯзгори ибратомӯзи онҳо ба наслҳои имрӯзу фардои Ватан дар роҳи ҳифзи истиқлолу озодӣ, рушди кишвари соҳибихтиёри тоҷикон, ҳимояи марзу буми он ва манфиатҳои милливу давлатӣ дастури зиндаи амал ва сабақи зиндагӣ ба ҳисоб меравад. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат баробари нигоҳубину парастории собиқадорони ҷангу меҳнат, инчунин ба масъалаҳои ҳаёти иҷтимоии онҳо эътибори ҷиддӣ дода, дар ин самт ҳамасола кумак ва чораҳои зарурӣ амалӣ менамояд. Дар шароити ноором ва бисёр мураккаби ҷаҳони имрӯза, ки хатару таҳдидҳои нав дар бисёр кишвару минтақаҳои сайёра торафт вусъат пайдо мекунанд, тарғибу ташвиқи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, рӯ овардан ба саҳифаҳои ибратбахши таърихи халқи тоҷик ва омӯхтани корнамоиҳои фарзандони далеру шуҷои Ватан барои таҳкими амну оромии ҷомеа, мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ ва миллатгароиву нажодпарастӣ ниҳоят муҳим мебошад.

Раиси вилоят дар шаҳри Бӯстон собиқадорони хизмати давлатӣ- Оқил Оқилов ва Ҷӯра Шокировро аёдат намуд.

АМИТ «Ховар»

Tags: