Дар вилояти Хатлон Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ баргузор мегардад

19-20  октябр  дар шаҳри Бохтари вилояти  Хатлон байни наврасони солҳои таваллуди 2002–2004  Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ  баргузор мегардад. Дар ин  бора корманди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримҷон Салимзода ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ, марҳилаи шаҳриву ноҳиявии мусобиқаи мазкур 7-8 сентябр  дар тамоми қаламрави мамлакат доир карда шуда,  марҳилаи минтақавӣ ва вилоятии он 28 сентябр  дар сатҳи минтақа ва вилоят дар сатҳи баланд баргузор гардид ва беҳтаринҳо ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат пайдо намудаанд.

Хотиррасон  менамоем, ки  гӯштини миллии тоҷикӣ яке аз намудҳои маъмул буда, дигар намудҳо, чун дзюдо, самбо, кураш ва дигарҳо аз он сарчашма мегиранд. Гӯштингирӣ дар байни мардуми тоҷик мартабаи баланд дошта, ҷиҳати оммавӣ гардидани тарбияи ҷисмонӣ воситаи асосӣ ба ҳисоб меравад ва солҳои охир рӯ ба инкишоф ниҳодааст.

АМИТ «Ховар»

Tags: