Дар Варзоб 11 ҳолати истифодабарии ғайриқонунии неруи барқ ошкор гардид

Дар натиҷаи рейдҳои гузаронидаи гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб  аз 16 декабр  то имрӯз, 29 декабр  11 ҳолати  ғайриқонунӣ истифодабарии неруи барқ ошкор гардида, нисбат ба содиркунандагони он  санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар ҳаҷми 114 ҳазору 372 киловатт-соат  бо маблағи 30 ҳазору 802 сомонӣ тартиб додаанд, ки аз ин маблағ  6445 сомонии он руёнида шудааст. Ҳамчунин бо ташаббуси гурӯҳҳои корӣ қарзҳои истифодаи неруи барқ бо маблағи 170 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби корхонаву ташкилотҳо  ва сохторҳои тиҷоратӣ баргардонида шуд. Дар ҳудуди ноҳия 25  нуқтаи фурӯши ангишт ва 20 нуқтаи сайёри фурӯши  ин сӯзишворӣ  бо ғунҷоиши 1750 тонна  мавҷуд буда, аҳолӣ аз он истифода менамоянд.

Дар ин бора сармуҳандиси Шабакаҳои барқи ноҳияи Варзоб Нарзимурод Иброҳимов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд  иттилоъ дод.

Дар ноҳияи Варзоб  баҳри сарфакорона истифода бурдани  неруи барқ бо иштироки  кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, шабакаҳои барқи ноҳия ва раисони маҳаллаҳо 4 гурӯҳи корӣ  таъсис  дода шудааст. Айни замон гурӯҳҳои корӣ ба аҳолии ноҳия корҳои фаҳмондадиҳиро ҷоннок  менмоянд.

Тибқи иттилои масъулини шабакаҳои барқи ноҳияи Варзоб,  аз 16  то  27 декабри соли равон  56 ҳазору 400 киловатт-соат неруи барқ сарфа шудааст.

АМИТ «Ховар»

Tags: