Дар Тошканд ҳангоми сохтани метро хок фурӯ рафта, панҷ нафар ҳалок шуданд

Дар пойтахти Ӯзбекистон ҳангоми сохтани метро хок фурӯ рафта, дар натиҷа  панҷ нафар ҳалок шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» ба истинод ба ТАСС.

Ин ҳодиса рӯзи 18 декабр дар қитъаи сохташавандаи хати метрои  Юнусобод  дар Тошканд ба вуқӯъ омад.  Тақрибан 250 метри мукааб хок фурӯ рехт. Тибқи тахминҳои пешакӣ, боронҳои тӯлонӣ сабаби фурӯравии замин гаштаанд. Шахсияти ҳамаи  фавтидагон аллакай муайян гаштааст.

Барои омӯхтани  сабабҳои аниқи фурӯравии хок ва расондани кумак ба зарардидагон ва оилаҳои онҳо бо амри кобини вазирони Ӯзбекистон таҳти роҳбарии ҷонишини аввали сарвазир, вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Очилбой Раҳматов комиссияи ҳукуматӣ таъсис  гардид.

АМИТ «Ховар»

Tags: