Имрӯз соати 12:35 ба вақти маҳаллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминҷунбӣ ба қайд гирифта шуд.
Ба иттилои Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, маркази зилзила дар километри 140-уми қисмати шарқии Душанбе ва дар километри 23-юми ноҳияи Мӯъминобод воқеъ будааст.
Шиддати заминларза дар маркази он 4 балл ва дар Душанбе — 2 баллро ташкил медиҳад.
АМИТ «Ховар»