Дар Тоҷикистон марҳилаи дуюми амалиёти «Нелегал 2017» оғоз ёфт

Дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба оғози марҳилаи дуюми «Нелегал-2017» ҷамъомад доир гардид.

Дар ҷамъомад муовини сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии вазорат Нуралӣ Сафаров зикр кард, ки фармоиши якҷояи ВКД, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани амалиёти муштараки «Нелегал-2017» ба имзо расида, амалиёт бо қувва ва ҳайати шахсии сохторҳои мазкур гузаронида мешавад.

Барои самарабахш гузаронидани тадбирҳо, назорати саривақтӣ ва идораи қувваю воситаҳои ҷалбкардашуда, аз ҳисоби мақомоти мазкур дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД ва воҳидҳои поёнии он ситодҳои фаврӣ таъсис дода шудаанд.

25 сентябр мақомоти корҳои дохилӣ ва муҳоҷирати Тоҷикистон ба марҳалаи дуюми амалиёти муштараки «Нелегал 2017» оғоз карданд. Амалиёти мазкур то 6 октябр идома мекунад. Мақомоти дахлдор дар ин муддат бояд асноди тамоми шаҳрвандони хориҷиеро, ки дар Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд, тафтиш кунанд.

Бояд зикр намуд, ки мутобиқи қарори Шӯрои ҳамоҳангсозии мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (ОДКБ), ҳар сол дар ду марҳила- моҳҳои май-июн ва сентябр-октябр корҳои фаврӣ-профилактикӣ ва амалиёти махсус оид ба мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунии шаҳрвандони кишварҳои сеюм таҳти унвони шартии «Нелегал» гузаронида мешавад.

АМИТ "Ховар"

Tags: