Дар шаҳри Ӯш ҷаласаи гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид

Тибқи тавофуқи Тарафҳо, 5-9 майи соли 2021 дар шаҳри Ӯши Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадӣ баргузор гардид. Лар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Дар фарҷоми ҷаласа Протоколи дахлдор ба имзо расид.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷаласаи навбатиро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намоянд.

Ҷаласа дар фазои дӯстона ва дар руҳияи ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт.

АМИТ «Ховар»

Tags: