30 декабр дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар ба муносибати фарорасии Соли нави 2020 бо иштироки ҳайати шахсӣ, фарзандони кормандон ва фарзандону оилаҳои кормандони фавтидаи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон ва собиқадорону меҳмонон ҳамоиши бошукӯҳи идона баргузор гардид.
Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон генерал-лейтенанти милитсия Искандар Солеҳзода ҳамаи иштирокдоронро ба ин муносибат самимона табрик гуфта, ба ҳар кадоми онҳо тандурустиву саодатмандӣ, бахти сафеду иқболи нек, табъи болида ва рӯзгори хушу гуворо таманно намуда, таъкид кард, ки соли 2019 ҳамчун соли бобарор, муваффақиятҳо ва хурсандиву хушҳолиҳо дар китоби зиндагӣ бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, воқеаву рӯйдодҳои ин соли ҷашнӣ чун хотироти фараҳбахш абадӣ боқӣ хоҳанд монд.
Зикр гардид, ки таҷлили Соли нав аз бар кардани неруи тоза, қудратмандӣ дар ирода ва шурӯъ намудан ба корнамоиҳо, талошҳо ва барномаҳои оянда аст.
Дар ҷамъомади идона ҳунармандони ҷавони театр, инчунин санъаткорони шаҳри Бохтар ҳунарнамоӣ намуда, табъи ҳозиринро шод гардониданд.
АМИТ «Ховар»