Дар Остона ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии СААД баргузор шуд

Дар пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон- шаҳри Остона ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти салоҳиятдор оид ба муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовари кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ таҳти роҳбарии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Қазоқистон К.Н. Қосимов баргузор гардид.
Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори ҷаласа Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода иштирок намуда, иброз дошт, ки «масъалаи мубориза бар зидди қочоқи маводи нашъаовар тавассути сарҳади ҷанубии кишварҳои аъзои СААД яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумат, фаъолияти ҳамаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад».
Иштирокчиёни ҷаласа «Нақшаи чорабиниҳои асосии Шӯрои ҳамоҳангсозии кишварҳои аъзои СААД барои солҳои 2016-2017» ва тағйир додани чорчӯбаи фаъолияти гурӯҳҳои кории Шӯрои ҳамоҳангсозӣ, инчунин пешгӯии инкишоф ёфтани вазъи вобаста ба маводи нашъаоварро дар соли 2017-ро мавриди муҳокима қарор доданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: